Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Вазъ дар Рашт: Хатари омадани селу лағзиши тарма бартараф шудааст

Ҳаракати мошинҳо дар қисмати селзади роҳи Душанбе-Сангвор аз сар гирифта шуд, роҳ аз лойоба ва сангу рег тоза гардид. 40 хонаводаи зери таҳдид хатар дар ноҳияи Тоҷикобод ба ҷойи амн интиқол ёфтанд. Мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда вазъро дар минтақаи ҷамъшудаи барф зери назорат гирифтаву вазъро меомӯзанд.

Гармои шадиди охири ҳафтаи гузашта ва аввали ҳафтаи ҷорӣ муҷиби об шудани барфҳо ва пиряхҳо дар манотиқи куҳии кишвар, аз ҷумла ноҳияи Тоҷикобод  шуд. 
Чунончӣ, бар асари болоравии бесобиқаи ҳарорати ҳаво таҳдиди омадани сел дар рустоҳои Фатҳобод ва Капалии ноҳияи Тоҷикобод ба вуҷуд омад.
Барои пешгирӣ аз оқибатҳои эҳтимолии ҳолати фавқулодда Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия ба ҷойи ҳодиса омад ва Ситоди  муштарак созмон дод.
Барои назорати вазъ дар ноҳияи мазкур аз ду ҷониби рӯдхонаи Шӯрак постгоҳҳо гузошта шуданд. Мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда вазъро дар наздикии ҷойи ҷамъшавии  барф меомӯзанд. Дар айни замон ба маҷрои рӯдхона  об ва ифлосиҳое, ки зери барфу яхҳо омадаанд, ҷорист.
Бо мақсади таъмини амнияти мардум 40 оила, ки дар ҷойҳои пурхатар мезистанд, ба макони амн интиқол дода шуданд. Онҳо ҳоло бо ғизои гарм  ва ашёи зарурии рӯзгор таъминанд.
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда миёни марду корҳои таблиғотӣ мебаранд ва онҳоро аз омадни селу тармаи ногаҳонӣ огоҳ мекунанд, ҳамчунин қоидаҳои бехатарӣ дар чунин ҳолатҳоро меомӯзонанд.
13-уми июли соли 2017 бар асари боронҳои шадид сатҳи оби дарёи Хингоб дар ноҳияи Сангвор боло рафт ва он сабагори зери об мондани қисме аз роҳи мошингарди Сангвор-Душанбе шуд.
Барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия дастбакор шуда ва ҷиҳати тоза кардани роҳ техникаи роҳи вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ҷалб карда шудааст.
Дар айни замон ҳаракати мошинҳо дар ин қисмати зарадида аз офат аз сар гирифта шудааст.