“Тобистони бехатар дар об”

Чунин ном дошт чорабиние, ки ахиран кормандони Раёсати омӯзишӣ-методии Кумита, ҳамчунин наҷотдиҳандагон, духтурони бемористони ҳарбии КҲФ миёни бачаҳо ва наврасон дар назди ҳавзҳои оббозӣ корҳои амалии таблиғотӣ роҳандозӣ карданд.

Дар доираи барномаи “Тобистони бехатар дар об” кормандони Раёсати омӯзишӣ-методии Кумита, ҳамчунин наҷотдиҳандагон, духтурони бемористони ҳарбии КҲФ миёни бачаҳо ва наврасон дар назди ҳавзҳои оббозӣ корҳои амалии таблиғотӣ роҳандозӣ карданд. Дар кӯли Варзоб, ки дар 12-километрии шаҳри Дуашнбе воқеъ мебошад, расонидани кӯмакҳои аввалияи тиббӣ ба зарардидагонро якҷо бо бачаҳо ва наврасон тамрин намуданд. 

Ҳадаф аз роҳандозии чунин чорабиниҳо таблиғи муносибати бехатар ва пешгирӣ аз оббозиҳои хатарнок буд. 

Дар ҷараёни суҳбат сардори Раёсати омӯзиши КҲФ, полковник М.Ҳалимов ва сардори Раёсати омӯзишӣ-методии Кумита, полковник О. Козлов дар бораи қоидаҳои асосии рафтори бехатар дар об нақл карданд ва як бори дигар аз бачаҳо хоҳиш намуданд, ки ҳангоми истироҳат дар наздикии  ҳавзҳои оббозӣ хеле ботаваҷҷуҳ ва эҳтиёткор бошанд.

Дар идомаи чорабинӣ воҳидҳои вокуниши сареъи Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе аксияи ҷолиб ва дидании “Ғарқшавандаро наҷот деҳ” баргузор намуданд. 

Ба бачаҳо амалан нишон доданд, ки чӣ гуна бояд ғарқшударо аз об берун овард ва ба вай кӯмаки аввалияи тиббӣ расонд. Бачаҳо бо хоҳиши худ дар наҷоти ғарқшудаи “шартӣ” ширкат карданд. 

Дар хотима бачаҳо ва кулли ширкаткунандагони ин чорабинӣ ба кормандони КҲФ барои ин дарси омӯзанда изҳори миннатдорӣ намуданд. 

Маврид ба ёдоварист, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бехатарии бачаҳо дар ҳавзҳои оббозӣ, бахусус дар айёми таътили тобистона таваҷҷуҳи зиёд мекунад. 

Кормандони Кумита дар соҳили баҳрҳову кӯлҳо, рӯдхонаҳои хурду бузург, ҳавзҳои оббозӣ корҳои зиёди таблиғотӣ роҳандозӣ мекунанд ва ҳадаф аз ин ҷилавгирӣ аз оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ ва пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқ шудан дар об аст.