Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Ҷаласаи Платформаи миллӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ

26 декабри соли 2016 таҳти раёсати Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Назарзода ҷаласаи Платформаи миллии оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ баргузор гашт.
Дар ҷаласа аъзоёни Платформаи – роҳбарони  вазорату идораҳои дахлдор, инчунин намояндагони корпуси дипломатӣ ва ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Иштирокчиён дар бораи натиҷаҳои Конфронси вазирони Осиё оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ, ки  2-5  ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Деҳлӣ баргузор гашта буд, инчунин  оид ба татбиқи лоиҳаҳои байни Кумита ва Барномаи Рушди СММ, ки  бо дастгирии молиявии Фонди Федератсияи Россия, Ҷопон ва Швейтсария ба имзо  расида буд, ва  дар бораи татбиќи лоиҳаи амнияти озуқаворӣ дар давраи офатҳои табиӣ ва татбиқи лоиҳаи Проект DIPECHO-9  маълумот гирифтанд.
Иштирокдорон  ҳамчунин лоиҳаи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коҳиши хавфи офатҳои табии  дар 2017-2030 сол" низ мавриди баррасӣ ќарор доданд.
Платформаи миллӣ оид ба паст намудани хавфи офатҳои табиӣ бо Ќарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 дар назди Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулодда таъсис дода шуда, наќши маќомоти машваратиро иҷро мекунад.

барчасп: