Ҷаласаи вилоятии ҳолатҳои фавқулода дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон ҷаласаи вилоятии Комиссияи пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ таҳти роҳбарии А.Қурбонзода – ҷонишини Раиси вилоят оид ба ҳолатҳои фавқулода баргузор шуд. Дар ин ҷаласа аъзои комиссия, роҳбарони ноҳияҳо ва кормандони хадамоти гуногуни салоҳиятдор дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ ширкат намуданд.

Дра рафти ҷаласа масъалаҳои ташкили кор дар минтақаҳо барои омодагӣ ба давраи баҳориву тобистонии соли 2019 барарсӣ шуд.

Дар маърӯзаи худ Сардори Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон, полковник С.Исозода қайд намуд, ки бо мақсади пешгирии ҳолатҳои фавқулода кормандони раёсат мониторингҳо ва пешбинии ҳолатҳои селомад дар ноҳияҳои нисбатан осебпазир мегузаронанд.  Ҳамчунин ба таврри ҳамешагӣ чорабиниҳои зиёде барои хабардоркунии пешакии аҳолӣ аз ҳолатҳои эҳтимолии фавқулода низ роҳандозӣ мешавад. Кормандони раёсат дар ин замина корҳои зиёди дигарро барои тоза кардани каналҳо, селроҳаҳо, ҷӯйҳо анҷом медиҳанд. 

Дар ҷараёни ҷаласа нақшаи хабардоркунии аҳолӣ нав карда шуд, амалҳо барои тахлияи одамон аз маконҳои офатзада, интиқоли аҳолӣ ва ҳайвонот ба маконҳои амн дақиқтар шуданд, роҳҳои таъмини одамон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва таъмини ҳайвонот бо ғизо муайян карда шуданд. 

Ғайр аз ин масъалаҳои ташкили ҷойҳои истироҳати дастҷамъӣ, сайёҳӣ ва варзиш дар иншоотҳои обӣ баррасӣ гардид.

Дар поёни ҷаласа дар масоили барарсишуда ба ҳамаи хадамотҳои дахлдор супоришҳо дода шуд.

 

барчасп: