Activities calendar

02 апрели 2019

Татбиқи чаҳор тарҳи ҳамкорӣ бо давлати Қатар оғоз шуд

Дар доираи рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ татбиқи амалии чаҳор лоиҳа миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон ва Кумитаи танзими кумакҳои хайрияи давлати Қатар оғоз гардиданд.

Ин лоиҳаҳо ба ҳалли масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони КҲФ, тавонмандиҳои техникии ташкили корҳои соҳилбандӣ равона шудаанд.

Раёсати КҲФ дар Хатлон се моҳи фаъолияти худро ҷамъбаст намуд

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар вилояти Хатлон таҳти раёсати ҷонишини Раиси КҲФ полковник М. Салимзода натиҷаи корҳои воҳидҳои сохтории КҲФ дар семоҳаи аввали соли 2019 ҷамъбаст гардид.

Зимни суханронии худ Ҷонишини Раиси КҲФ як қатор тамоилҳои калидӣ дар фаъолияти Раёсат дар давраи ҳисоботиро қайд кард ва таваҷҷуҳро ба рӯйдодҳои пешмеомада ҷалб намуд.

Ифротгароӣ ва терроризм-зуҳуроти номатлуби замони муосир

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби