Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

СММ: Ҳар сол дар олам беш аз 82 ҳазору 500 нафар бар асари заминларзаҳо ба ҳалокат мерасанд

Аз соли 1970 то 2010 дар олам бар асари заминларзаҳо наздик ба 3,3 миллион нафар кушта шудаанд, ки ин ба ҳисоби миёна ҳар сол 82 ҳазору 500 нафар аст. Мизони талафот дар натиҷаи заминларза дар кишварҳои фақиру бенаво бештар аст. Аз соли 1970 то 2008 аз офатҳои табиӣ кишварҳои олам 2300 миллиард доллар зарар дидаанд. Ва Таҳлил нишон медиҳад, ки тӯли шаш моҳи соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 145 ҳолати фавқулодда ба қайд гирифта шуд. Аз шумори умумии ҳолатҳои бақайдгирифташуда 18 ҳодиса ба хоҷагии халқ зарари моддӣ ва маънавӣ расонд. 

«Коҳиши талафоти иқтисодӣ аз офатҳо ба таври билоқувва қодир ба табдили зиндагии мардум аст ва то ҳадде метавонад барои решакан намудани фақру бенавоӣ ҳам мусоидат кунад. Пас биёед бо таҷлили Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо ҷонибдории худро ба ин кори муҳиму муфид тайид кунем”.

Дабири Кулли СММ Антониу Гутерриш

Аз субҳи имрӯз дар аксари кишварҳои узви СММ чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии хатари офатҳо шурӯъ гардиданд. Тавре аз хабарҳои сомонаи мо пай бурдед, дар Тоҷикистон ин чорабиниҳо хеле пештар оғоз шуданд ва қарор аст имрӯз ҳам идома кунанд. Натиҷа як озмун бахшида ба ин рӯз 18-уми октябр ҷамъбаст мегардад ва расонаҳои фаъол дат таблиғи коҳиши зарари офатҳо соҳиби ҷоизаҳо мешаванд.

Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳо 22 декабри соли 1989 аз ҷониби Ассаблеяи Генералии СММ бо мақсади боло бурдани сатҳи огоҳиҳо ва чораҳои зарурӣ ҷиҳати коҳиши хатари офатҳо таъсис шуда буд. СММ дар ин рӯз, 13 октябр аз одамони рӯи олам хоҳиш мекунад донишҳои ғуншуда, таҷрибаву малакаҳои ҳосилкардаи худ дар роҳи мубориза бо коҳиши хатари офатҳоро ба ҳамдигар бигӯянд. 

Офатҳои табиӣ новобаста аз ҳамдигар метавонанд рух диҳанд, ҳатто яке сабабгори рух додани дигаре шавад. Қисме аз офатҳо метавонанд бар асари амалҳои инсон рух диҳанд: аз ҷумла сӯхторҳои азим дар бешаҳо, таркишҳои истеҳсолӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ, ҳангоми бунёди сарбандҳо ва ғайра. Ва баъзан худи инсон дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехтарӣ сабабгори сар задани обхезӣ, лағзиши тарма мешавад. 

Дар ин мақола хостем аз баъзе офатҳои табиии олам ҳикоят кунем, ки муҷиби харобиҳои зиёд шудаанд:

Заминларза дар уқёнуси Ҳинд, ки соли 2004 рух дод, сабабгори ҳалокати зиёда  229 ҳазор нафар шуд. Бар асари ин заминҷунбӣ дар минтақа тӯфони азим бархост ва ин омили аслии талафоти бештари одамон гардид.
Соли 2011 замин Ҷопонро такон дод ва он низ бо тӯфони шадид ҳамроҳ буд. Шумори ҳалокшудагон бештар аз 13 ҳазор эълон шуд ва зиёда аз 12 ҳазор нафари дигар бенишон ғайб заданд.
Дар заминларзаи 8,8 балаи Чилӣ 525 нафар ҷон доданд.
Соли 2008 дар вилояти Сичуани Чин замин 7,9 балл такон хӯрд, ки дар натиҷа бештар аз 61 150 нафар кушта шуданд.
Пурқурбонитарин заминларза дар қаламрави Тоҷикистон заминларзаи Ҳоит буд.

ТАРМА

Тарма офати дигари табиӣ аст ва дар кишвари мо низ зиёд иттифоқ меуфтад. Тарма ғарами азими барфро гӯянд, ки аз баланди бо суръати баланд сарозер мешавад ва сари роҳ ҳар гиёҳу дарахт ва сангу хоке ҳаст бо худ мебарад. Дар аксар мавридҳо лағзиши тарма сабабгори ҳалокати одамон ва харобии хонаҳо шудааст. Ҳаҷми барфи он метавонад то ба чандин миллион метри мукааб расад. Вай бо суръати 20-70 м дар як сония ҳаракат мекунад.

Аз рӯйдоди солҳои ҷанги аввали ҷаҳонӣ шикоят мекунанд, ки дар ҷабҳаи Австрия ва Италия дар кӯҳҳои Алп аз 40 то 80 ҳазор сарбозон зери тарма мондаанд. Дар аксар маврид тарма аз исобати тири артилерия канда шудаву болои сарбозону афсарон рехтааст.

ТанҲо дар давраи аз моҳи январ то аввали моҳи марти соли 2017 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 670 ҳолати лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он 23 нафар шаҳвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расидаанд.

ОБХЕЗӢ

Обзезӣ гунаи дигар харобиовар аз офатҳои табиист ва дар Тоҷикистон аввали баҳору тобистон зиёд иттифоқ меуфтад.  Зери об мондани маҳалҳои ҷудогона бар асари афзоиши сатҳи оби рӯдхонаҳоро обхезӣ меноманд. Обхезӣ метавонад бар асари боришоти зиёд, об шудани пиряхҳо бар асари гармои тоқатфарсо ва ғайра рух диҳад.
Калонтарин ва пурталафоттарин обхезӣ дар таърихи як асри охири башар соли 1938 дар Хуанхе (дарёи Зард)-и Чин рух дод, ки тибқи оморҳо аз 800 000 то 4 000 000 нафар ҷон бохтанд.
Соли 1998 бар асари обхезӣ дар дарёи Янси Чин  наздик ба 14 миллион нафар хонаҳои худро аз адст доданд.
Дар обхезии соли 2000 Мозамбик як қисмати азими қаламрави ин кишвар зери об монд ва муҷиби талафоти гарон шуд.
Соли 2005 дар Мумбайи Ҳинд бар асари обхезӣ 1094 нафар ҳалок шуданд.
Соли 2010 обхезӣ дар Покистон киштзори зиёдро ба комаш кашид ва одамони зиёд ҳам қурбон шуданд.

ЖОЛА

Жола низ офати табиест, ки ба кишвари мо хос аст. Жола аслан яхпораест лундашакл ба андозаи аз миллиметр то якчанд сантимерт. Жолаи андозааш 130 мм ва вазнаш то як кило низ вохӯрдааст.
Жола асосан ба киштзор ва дарахтони мева зарар дорад. Бахусус, агар он аввали баҳор, вақте дарахтон гул мекунанд, борад, сабабгори беҳосилӣ мешавад.
Тоҷикистон аз қадим барои пешгирӣ аз зарари жола тадбирҳо меандешад. Дар сохтори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хадамоти махсуси жола амал мекунад.

ВА ОМОРҲОИ ДИГАР:

Тибқи маълумоте, ки СММ расонаӣ кардааст, дар миёни ҳалокшудагон аз офатҳои табиӣ дар ҷойи аввал фоҷеаҳои гидрометероологӣ, дар ҷойи дуюм геологӣ ва дар ҷойи сеюм техногенӣ қарор доранд.
Аз соли 1970 то 2010 дар олам бар асари заминларзаҳо наздик ба 3,3 миллион нафар кушта шудаанд, ки ин ба ҳисоби миёна ҳар сол 82 ҳазору 500 нафар аст. Мизони талафот дар натиҷаи заминларза дар кишварҳои фақиру бенаво бештар аст.
Аз соли 1970 то 2008 аз офатҳои табиӣ кишварҳои олам 2300 миллиард доллар зарар дидаанд.

ШАШ МОҲИ ОХИР ДАР ТОҶИКИСТОН

Таҳлил нишон медиҳад, ки тӯли шаш моҳи соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 145 ҳолати фавқулодда ба қайд гирифта шуд. Аз шумори умумии ҳолатҳои бақайдгирифташуда 18 ҳодиса ба хоҷагии халқ зарари моддӣ ва маънавӣ расонд.
Дар натиҷаи  офатҳои табиӣ 12 сокини кишвар ба ҳалокат расиданд. Аз ин 5 нафар бар асари сангрезӣ, 2 нафар аз зарби раъду барқ, 1 нафар аз заҳролуд шудан бо гелиотроп ва 4 нафар бар асари сел мебошад. 
Ғайр аз ин дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ 1485 хонаи истиқоматӣ (28 хона пурра), 3836,99 га заминҳои кишт, 12 пул ва 11,346 км роҳи мошингард зарар дид.
Ба хонаводаҳои зарардидаи ноҳияҳои Фархор, Панҷ, Вахши вилояти Хатлон кумакҳо дар шакли маводҳои сохтмон, ғизо, бастаҳои беҳдоштӣ ва хоҷагӣ расонда шуданд.

барчасп: