Activities calendar

12 октября 2018

Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай

12 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии Ҷаласаи Шӯро ва сохторҳои доимамалкунандаи Созмони Ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфтанд.

Чорабиниҳои пешигирии хатари офатҳо дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд

Дар қаламрави кишвар чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо идома дорад. Чунончӣ, дар рустоҳо ва ҷамоатҳои ноҳияи Айнии вилоти Суғд кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ин вилоят якҷо бо созмони байналмилалии “Оксфам” дар муассисаҳои миёнаи таълимоти ҳамагонӣ, ҳамчунин дар байни аҳолӣ аксияҳо, мусобиқоти варзишӣ, суханрониҳо, викторинаҳо дар мавзуъи коҳиши хатари офатҳо баргузор шуд.

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар шаҳри Душанбе

10-11 октябри соли 2018 кормандонаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавҳулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе чорабинӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо гузарониданд. Ҳадаф аз роҳандозии ин гуна чорабиниҳо боло бурдани сатҳи огоҳиҳои аҳолӣ оид ба омодагӣ ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда мебошад.
Чунончӣ, 10 октябри соли равон онҳо бо 20 нафар аз