Activities calendar

13 октября 2018

СММ: Ҳар сол дар олам беш аз 82 ҳазору 500 нафар бар асари заминларзаҳо ба ҳалокат мерасанд

Аз соли 1970 то 2010 дар олам бар асари заминларзаҳо наздик ба 3,3 миллион нафар кушта шудаанд, ки ин ба ҳисоби миёна ҳар сол 82 ҳазору 500 нафар аст. Мизони талафот дар натиҷаи заминларза дар кишварҳои фақиру бенаво бештар аст. Аз соли 1970 то 2008 аз офатҳои табиӣ кишварҳои олам 2300 миллиард доллар зарар дидаанд. Ва Таҳлил нишон медиҳад, ки тӯли шаш моҳи соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 145 ҳолати

Чорабиниҳо дар Файзобод бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ

Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод бахшида ба 13 октябр - Рӯзи  байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки ҳамасола бо ташаббуси СММ - ҷашн гирифта мешавад, дар ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳия бо роҳбарият ва раисони маҳаллаҳо, инчунин бо роҳбари КВДТ ба номи А. Назиров ҷамъомади таълимӣ ташкил карда, доир ба мавзӯи дар боло зикргардида суханроини намуданд.