Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Садамаҳои марговар дар кишвар: Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Зарфи як шабонарӯзи охир бар асари чанд садамаи марговар чандин нафар аз шаҳрвандони кишвар ҷони худро аз даст доданд. Яке аз сабабҳои асосии ин садамаҳо риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо, боло бурдани суръати ҳаракати мошинҳо ва беэҳтиётиву каммасъулиятии ронандагон аст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД ВА ҶОНИ ХУДУ ҶОНИ ҲАМСАФАРОНИ ХУДРО ДАР ХАТАР НАГУЗОРЕД!

30 сентябри соли равон тахминан солаи 19:30 дар қаламрави деҳаи Кушайи ноҳияи Лахш мошини тамғаи “ЗИЛ”, ки дар он 12 нафар савор буданд, аз баландии 100-120 метр ба ҷарӣ фурӯ рафт. Дар натиҷаи ин ҳодиса 7 нафар ҷони худро аз даст доданд ва 5 тани дигар дар бемористон бистарӣ шуданд. 

Дар 190-ум километри шоҳроҳи  Душанбе – Чаноқ бархӯрди мошини тамғаи “Ҷип” таҳти идораи шаҳрванди Қирғизистон, ки дар он ду шаҳрванди Хорватия савор буданд ва мошини тамғаи Тойота Королла (Toyota Corolla) таҳти идораи шаҳрванди 44-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дида шуд. 

 Бар асари ин бархӯрд ронандаи мошини Тойота Королла ҳалок гардид ва мусофирони дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористони ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд интиқол дода шуданд. 

Дар ҳамин иртибот бори дигар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи ронандагони мошинҳо муроҷиат мекунад ва барояшон ёдовар мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо хеле эҳтиёткор бошанд ва дигар равандагони роҳҳоро эҳтиром кунанд. Дар гузаргоҳҳо ва дигар қитъаҳои роҳҳо ногаҳон пайдо шудани роҳгузарон эҳтимол дорад ва суръати баланди ҳаракати мошинҳо метавонад сабабгори марги инсонҳо шавад. Бахусус, нисбати пиёдаравони кӯдак ва одамони солманд ботаваҷҷӯҳ бошед!

Ғайр аз ин КҲФ таваҷҷӯҳи шаҳрвандонро ба он ҷалб мекунад, ки одамонро ҳатман дар воситаҳои техникии махсус таҷҳизонидашуда метавон аз ҷойе ба ҷойи дигар бурд.  

Дар роҳҳои дохили шаҳр ва берун аз он хеле эҳтиёткор бошед ва ба боло бурдани суръати ҳаракат роҳ надиҳед. Ҳангоми гардиш чароғакҳои ишоракунанда ба самти гардишро фурӯзон кунед, аз оинаи бари мошин ба роҳ нигаред ва асоситар аз ҳам дар ин гуна ҳолатҳо талош кунед суръати ҳаракатро баланд накунед. 

Ҳангоми омодагӣ ба сафари дур ҳатман мошинро аз назар гузаронед, ҳолати техникии онро ба санҷед. Ба коршоямии тормозҳо ва таҷҳизоти барқии он диққат диҳед.

барчасп: