Activities calendar

27 феврали 2023

Сарвазири Тоҷикистон ба наҷотдиҳандагон туҳфаҳо супурд (ВИДЕО)

27 феврали соли 2023 дар маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супурдани мукофотҳо аз номи Сарвари давлат ба наҷотдиҳандагон баъди бозгашташон аз Туркия баргузор шуд.

Дар ин маросим Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода...

Ҳушдори КҲФ аз эҳтимоли тармаву резиши санг дар роҳҳои кӯҳи зарфи ду рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва  меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 27-28 феврали соли равон дар ноҳияҳои кӯҳии  тобеъи ҷумҳурӣ, ғарби ВМКБ, дар роҳҳои  мошингарди Душанбе -Чаноқ, Нуробод-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Шуғнон, Хоруғ-Роштқалъа ва Хоруғ-Ишкошим хатари лағзиши тармаву резиши санг боқӣ мемонад.