Activities calendar

20 феврали 2023

ФАВРӢ: Президенти Туркия дар вилояти Ҳотой бо имдодгарони Тоҷикистон мулоқот кард (ВИДЕО)

Имрӯз, 20 – уми феврали соли  2023 Президенти Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон дар ҷараёни диду боздидҳои худ аз минтақаҳои зилзилазадаи кишвараш ба вилояти Хатой омад ва бо кору фаъолияти наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз наздик ошно шуд.

Имдодгарони тоҷик дар вилояти Хатойи Туркия 6 ҷасади ҳалокшудагонро аз зери вайронаҳо берун оварданд

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 19-уми феврали соли равон дар вилояти Хатойи Туркия ҷасади 6 нафар ҳалокшудагон дар зилзиларо аз зери вайронаҳо берун оварданд.

Ҳамчунин дар ин рӯз роҳбарони дастаи имдодгарони КҲФ  бо ҳамкасбонашон аз Ветнам, ки бо сарварии ҷаноби...

“Ховар” аз сафари Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Хоруғ хабар дод

Бино ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”  дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 феврал Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳри Хоруғ сафар намуд.

Дар ин сафар Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзодаро

Бо дастури Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои офатдидаи ВМКБ фиристода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кумак иборат аз либоси зимистона, пойафзол, маводи ғизоӣ, печи аловӣ, кат бо ҷиҳози хоб ва дигар лавозимоти зарурӣ фиристода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ

Дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои сохторӣ ва воҳидҳои ҳарбӣ бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби варзиш, тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстӣ ва рафоқат байни кормандон ва хидматчиёни ҳарбӣ чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ташкил ва гузаронида шуданд.

Ширкат дар фестивали дӯстии афсарону сарбозон

17 – уми феврали соли 2023 ҳайати низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ифтитоҳи Фестивали дӯстии афсарону сарбозон таҳти шиори «Ба Ватан ва халқи худ содиқона хидмат мекунам” ширкат карданд.

Ин чорабинӣ ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Вохӯрӣ бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар

Охири ҳафтаи гузашта дар Раёсати таъминоти моддию техникӣ, ғизо ва нақлиёт, Раёсати сохтмон, истифодабарии биною иншоот ва Раёсати кӯли Сарези КҲФ вохӯрӣ бо сардори Раёсати Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амир Иброҳимзода, инчунин бо собиқадори КҲФ генерал-майор Б.Орифов бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

200 тарма дар 5 рӯз. Хатари лағзиши тарма ҳамоно вуҷуд дорад

Шабонарӯзи гузашта дар саросари кишвар нуҳ ҳодисаи лазиши тарма ба қайд гирифта шуд. Зарфи панҷ рӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон 200 ҳодисаи омадани тарма сабт шудааст, ки бар асари он 19 нафар сокинони навоҳии мухталиф ҷони худро аз даст доданд.

Чунончӣ, 19 – уми феврали соли 2023 дар километри 327 роҳи мошингарди  Душанбе-Кӯлоб...

Машқҳо ва санҷишҳои ғайринақшавии Кумита

Дар асоси Нақша - чорабиниҳо оид ба иҷрои қарори ҷаласаи ҳайати Мушовараи Кумита 13 то 18 феврали соли 2023 дар ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Варзоб, Ваҳдат, Файзобод ва Рӯдакӣ аз ҷониби кормандони Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва Сарраёсати мудофиаи граждании Кумита санҷиши минтақаҳои хавфнок гузаронида шуданд.

Ҳамзамон, тибқи банди 8-и Қарори ҷаласаи Мушовара машқи ғайринақшавии Низоми ягонаи...