Activities calendar

10 декабря 2020

Тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳангоми туман ва яхбандӣ

Бино ба маълумоти обуҳавошиносони кишвар рӯзҳои оянда дамои ҳаво дар саросари кишвар сард мешавад. Боронҳои зиёду резиши барф бахусус дар роҳҳои кӯҳӣ хатар эҷод мекунанд. Аввалин хабари резиши санг дар роҳи Душанбе – Хоруғро шояд ҳоло хондед. Резиши санг дар Рузвай Ин гуна ҳодисаҳо бояд ҳушдоре ба ронандагон бошад, ки ҳангоми ҳаракат дар чунин роҳҳои душворгузар хеле эҳтиёткор бошанд.

Ахбори ин соат. Сӯхтор дар хонаи истиқоматии як сокини шаҳри Турсунзода. Рафъи хатари зери об шудани як мактаби хусусӣ дар Душанбе. Резиши санг дар Рузвай

Бегоҳии рӯзи 9 декабри соли равон дар хонаи сокини деҳаи Саттори ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода Юсуфалӣ Сафаров сӯхтор ба амал омад. Ба ҷои ҳодиса, афсарони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Турсунзода сафарбар гардида, якҷо бо сокинони деҳа оташро хомӯш карданд.

Сабабаи сар задани сӯхтор ин риоя накардани қоидаҳои...

Қиссаҳои ҷуғрофӣ. ИСТИЛОИ ПЕРУ. Фоҷеаи кашшфои Перу Франсиско Пизорро. Бахши охир

Дар сафарҳои солҳои 1532—1535 испониҳо кишварҳое, ки имрӯз бо номҳои Перу, Эквадор ва Колумбия ёд мешаванд, ишғол намуданд.  Бо фармони шоҳ ҳамаи ин қаламрави ишғолӣ ба ихтиёри Пизорро супурда шуда, худи вай соҳиби унвони маркиз гардид. Алмагро губернатори ҳанӯз ишғолнашудаи Чили таъин гардид. Бо мақсади забти он 3 июли соли 1535 Алмагро аз Куско хориҷи шуд ва дар имтидоди соҳилҳои ғарбии бузургтарин кӯли баландкӯҳ дар Амрикои Ҷанубӣ Титикака равон ишуд.

COVID-19: Шумори гирифторон дар олам аз 69 миллион гузашт. Дар кишварҳои Африқо қариб 2,3 миллион нафар мубтало ба КОВИД-19 мебошанд

Шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар олам 69 миллиону 239 ҳазору 671 нафар расид. Аз ин беморӣ 47 миллиону 994 ҳазору 611 нафар пурра муолиҷа шудаанд. Дар беморхонаҳои олам боз 106 ҳазору 890 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд. Теъдоди ҷонбохтагон аз коронавирус дар ҷаҳон 1 миллиону 575 ҳазору 810 нафар гуфта шудааст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон...