Ҳаводиси олам

Сӯхтор дар ошёнаи даҳуми хобгоҳе дар Минск

Кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Белорусия аз наҷоти ду зарардида ва интиқоли 250 бошандаи як хобгоҳи бисёрошёна дар Минск хабар доданд. Дар ошёнаи даҳуми ин бино утоқе оташ гирифтааст ва аз тарси хавфи сӯхтор ҳудудан 250 нафар ба макони амн интиқол ёфтаан

Хабар дар мавриди оғози сӯхтор соати 19:00 расидааст.

Инфиҷори моддаҳои кимиёвӣ дар корхонае дар Чин ҷони 22 нафарро рабуд

Бар асари чанд таркиш дар назди корхонаи Shenghua Chemical Industry дар деҳаи Дасангайчжэени ноҳияи Сяодуни округи шаҳрии Чжансзякоуи Чин бештар аз 22 нафар ҷони худро аз даст доданд. Ин таркишҳо 28 ноябр рух доданд.  Бино ба гузориши Синхуа бештар аз бист нафари дигар захмӣ ва ба бемористон интиқол ёфтанд.

Таҳдиди тӯфони “Уилла” ба ду иёлоти Мексика

Ҳудудан даҳ ҳазор нафар ба хотири ҷилавгирӣ аз хатари тӯфони “Уилла” дар иёлоти мексикоии Наёрит воқеъ дар шимоли Мексика ба макони амн интиқол дода шуданд. Дар ин бора ахиран пойгоҳи интернетии Universal хабар дод.

Ҳоло дар ду ноҳияи ин иёлат, ки эҳтимоли зери тӯфон мондан дорад, 19 паногоҳи муваққатӣ сохта шудааст ва одамонеро, ки интиқол медиҳанд, дар ин паногоҳҳо ҷобаҷо мекунанд.

Дар тӯфони харобиовари Флоренс 32 нафар ҷони худро аз даст доданд

Шумори ҳалокшудагон бар асари тӯфони Флоренс ба 32 нафар расид. Дар ин бора ахиран Associated Press истинодан ба манбаҳои расмӣ хабар дод. Дирӯз аз ҳалокати 23 нафар хабар дода мешуд.

Дар ин тӯфон беш аз дигарон сокинони иёлоти Каролинаи Шимолӣ зарар диданд. Мақомоти интизомӣ аз кушта шудани 24 нафар дар ин иёлот хабар доданд. 

Таркишҳои пайиҳам ва сӯхторҳо дар Бостони ИМА

Силсилаинфиҷорҳо дар хати интиқоли газ ва сӯхторҳои бесобиқа дар Бостони ИМА боиси ҳадсу гумонҳои зиёд шудааст. Мақомоти давлатӣ гуфтаанд, ки дар ин ҳодисаҳо таркишҳои барқасдона истисноянд, вале пулис мегӯяд хулоса барровардан ҳанӯз барвақт аст, чун тафтишот нав шурӯъ шудааст.

Бегоҳии 13-сентябри соли равон дар шимоли Бостон даҳҳо

Страницы