Таркишҳои пайиҳам ва сӯхторҳо дар Бостони ИМА

Силсилаинфиҷорҳо дар хати интиқоли газ ва сӯхторҳои бесобиқа дар Бостони ИМА боиси ҳадсу гумонҳои зиёд шудааст. Мақомоти давлатӣ гуфтаанд, ки дар ин ҳодисаҳо таркишҳои барқасдона истисноянд, вале пулис мегӯяд хулоса барровардан ҳанӯз барвақт аст, чун тафтишот нав шурӯъ шудааст.

Бегоҳии 13-сентябри соли равон дар шимоли Бостон даҳҳо таркиши газ ва сӯхторҳои азим ба қайд гирифта шуд, ки масоҳати васеъро дар бар мегирифт. Садои Амрико истинодан ба манбаъҳои худ дар сохторҳои интизомӣ гуфтааст, ки сабаби ин таркишҳо ва сӯхторҳо шояд садама дар хати лулаи газ буд.

Дар бораи талафоти ҷонӣ ҳоло маълумоти расмӣ нарасидааст. Аммо нашрияи маҳаллии Eagle Tribune хабар дод, ки дар сӯхтори як хона дар Лоуренс чандин нафар захмӣ шуданд. Ин нашрия низ хабари худро шарҳ надодааст, аз ин рӯ дар мавриди дурустии хабар чизе гуфта намешавад. 

Ҳукуматдорони Бостон гуфтаанд, ки фарзияи сӯхтори барқасдона дар ин рӯйдодҳо истисно мешавад ва яқинан ин ҳодисаи фавқулоддаест. Аммо пулиси маҳаллӣ эълон кардааст, ки дар бораи сабабҳои инфиҷор ва сӯхтор сухан рондан ҳоло бармаҳал аст, чун тафтишот нав шурӯъ шудааст.  

Вале чандин нашрияҳои маҳаллӣ дар тозатарин матолиби худ сабаби ин рӯйдодро садамаи эҳтимолӣ дар хати интиқоли газ номидаанд.

Аз ҷумла WBZN навиштааст, ки аввалин таркиш бар асари фишори фавқулодда баланд дар лулаи газ рух дод.

барчасп: