Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Дар тӯфони харобиовари Флоренс 32 нафар ҷони худро аз даст доданд

Шумори ҳалокшудагон бар асари тӯфони Флоренс ба 32 нафар расид. Дар ин бора ахиран Associated Press истинодан ба манбаҳои расмӣ хабар дод. Дирӯз аз ҳалокати 23 нафар хабар дода мешуд.

Дар ин тӯфон беш аз дигарон сокинони иёлоти Каролинаи Шимолӣ зарар диданд. Мақомоти интизомӣ аз кушта шудани 24 нафар дар ин иёлот хабар доданд. 

Ҳудудан 30 ҳазор сокинони Каролинаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ ба пинҳонгоҳҳо фирор карданд. Бештар аз 520 ҳазор хонаҳо ва корхонаҳо бе нерӯи барқ монданд. 

Тӯфони Флоренс ба соҳилҳои атлантикии ИМА 14-уми сентябри соли равон наздик шуд, вале фавран суръати худро коҳиш дод. Ҳарченд ҳоло ҳам қувваи харобкори он пас нашудааст ва хатар ба ҷони одамон ва хонаву корхонаҳо таҳдид мекунад.

барчасп: