Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Машқи мукаммали зернизомҳои ҳудудии Низоми ягона дар ноҳияи Шоҳмансур

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2018 дар ноҳияи Шоҳмансур машқи мукаммали зернизомҳои ҳудудии Низоми ягона бо ҷалби комиссияњои њолатњои фавқулодда, эвакуатсионӣ, хадамотҳои мудофиаи граждании шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Шоҳмансур ҳангоми иҷрои чорабиниҳои бартарафкунии оқибатҳои заминларзаи 7-8 балла» гузаронида шуд.

Ҷиҳати гузаронидани марҳилаи якуми машқ  дар толори бинои Мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ҳайати роҳбарикунандаи зернизоми ҳудудии Низоми ягона, комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда, эвакуатсионӣ,  хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва иншоотҳои иқтисодии ноҳия, бо бонги «Ҷамъшавӣ»  ҷамъ гардида, аз тарафи Раиси комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ва Роҳбари машқ - мавзуи машқи мукаммал, ҳадафҳо ва тарзи гузаронидан ба иштироккунандагон расонида шуд.

Дар марҳилаи дуюми Машқи мукаммали зернизоми Низоми ягонаи ноҳияи Шоҳмансур қувва ва воситаҳои зернизоми Низоми ягонаи ноҳия дар маҳаллаи Ховарони ноҳия барои бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда сафарбар карда шуданд. Қувва ва воситаҳои зернизомҳои ҳудуди Низоми ягона, кимиссияҳо, хадамотҳои мудофиаи гражданӣва иншоотҳои иқтисодии ноҳия дар мавзеи маҳаллаи  «Ховарон»-и ноҳияи Шоҳмансур ҷамъ оварда шуда, барои иҷрои корҳои бартарафкунӣ, рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва эвакуатсия намудани аҳолии зери хавф қарор дошта сафарбар карда шуданд. Машқ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 29 ба охир расид.