Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда 7 нафарро аз зери тарма берун кашиданд

Кумаки фаврии наҷотдиҳандагон ҷони 7 нафарро аз марг раҳонид. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор  медиҳад: эҳтиёт кунед, аз сафарҳои нозарур худдорӣ варзед, ҷонатонро дар хатар наяндозед!

15 – уми феврали соли  2018 бар асари лағзиши тарма дар 69-километраи роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни роҳандозии корҳои садамавиву наҷот аз қабати ғафси барф ҳафт нафарро берун кашиданд ва ҷонашонро аз хатари марг наҷот доданд. Ин ҳафт нафар савори ду мошин аз Хуҷанд ба самти Душанбе дар ҳоли ҳаракат буданд. 

Ба ҷабрдидаҳо аввалин кумаки тиббӣ расонда шуд ва ба ҷойи амн интиқол ёфтанд. Ҳамаи онҳо аз бистарӣ шудан дар бемористон худдорӣ карданд. 

 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони кишвар ва меҳмонони он мерасонад, ки тибқи иттилои Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон то 17-уми феврали соли равон бориши барфу борон қатъ намешавад. 

Дар роҳҳои мошингарди  Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Тавилдара, Душанбе-Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим яхбандиҳои шадид, лағзиши тарма, ғарам шудани барф дар назар дошта шудааст. Бахусус хатари лағзиши тарма ва сангреза таҳдид мекунад. 

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии кишвар хоҳиш мекунад аз сафар ба манотиқи хавфнок, роҳҳои тармахезу сенгрези куҳӣ худдорӣ варзанд. 

Ронадагон дар роҳҳо ҳангоми ҳаракат масофаро ҷиддан риоя намоянд, суръатро боло набаранд.

ХЕЛЕ ЭҲТИЁТКОР БОШЕД ВА ҲАЁТИ ХУД ВА АТРОФИЁНРО ДАР ХАТАР НАГУЗОРЕД!

Агар шумо шоҳиди ҳодисае дар роҳҳо шудед, агар лағзиши тармаро дидед, фавран ба хадамоти наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо телефонҳои  223 13 11; 221 91 19 ва ё 112

хабар диҳед.