Activities calendar

09 феврали 2018

Се тан аз намояндагони Кумита ғолиби мусобиқоти варзишӣ дар Хатлон эълон шуданд

Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо ширкат дар мусобиқоти варзишии вилояти Хатлон се ҷойи аввалро ишғол ва номи худро чун ғолибони ин мусобиқот сабт карданд.

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар мусобиқоти ҳарбӣ-варзишии Вазорати мудофиаи кишвар иштирок карданд. Ин мусобиқаҳо ба 25-солагии ташкилёбии Неруҳои мусаллаҳи мамлакат бахшида шуда буд ва дар он тимҳо аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят иштирок намуданд.