Дарси якрӯза барои ҷонишинони фармондеҳони қисмҳои ҳарбии Кумита оид ба тарбия

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба нақшаи омӯзиши ҳайати шахсӣ ҷамъомади навбатии якрӯзаи ҷонишинони фармондеҳони қисмҳои ҳарбии КҲФ оид ба корҳои тарбиявӣ баргузор шуд.

Дар ҷараёни дарс вазъи интизоми ҳарбӣ, ташкили баргузории чорабиниҳо дар қисмҳои ҳарбии Кумита таҳлил шуд. Ба таври муфассал ширкати шахсии афсарон-масъулони тарбия дар роҳандозии чорабиниҳои тарбиявие, ки ба таҳкими интизоми ҳарбӣ равона шудаанд ва ҷорӣ кардани тартиботи низомномавӣ баррасӣ гардид. 

Қайд карда шуд, ки агар ҳар хизматчии ҳарбӣ зарурати иҷрои бечунучарои ин ё он вазифаро ҷиддан дарк накунад, ба ягон натиҷа дар ҳар самти фаъолият, аз ҷумла омодагии ҳарбӣ расидан имкон надорад. 

Афсароне, ки ба корҳои тарбия сарукор доранд, ҷараёни ҳодисаҳои аз ҷониби сарбозон худсарона тарк кардани қаламрави хизмат, теъдоди рафтори дағалонаи интизомиро таҳлил карданд ва барои беҳбудии вазъ дар ҳар қисми ҳарбӣ чораҳои амалӣ андешиданд. 

Дар ин ҷамъомад ба ҳар ҷонишини фармондеҳи қисми ҳарбӣ тавсия дода шуд, ки маҳз дар кадом самт бояд корҳои тарбиявӣ ва таҳкими интизоми ҳарбиро фаъол кунанд.