Activities calendar

11 октября 2017

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар вилояти Суғд

Бар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иттилоънокии аҳолӣ кормандони Ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд дар барномаи таҳлилии “Масъалаҳои муҳим дар ҷомеа” –и радиои вилоятӣ ширкат карданд.

Рӯзи ҳушдор, рӯзи табодули таҷриба, рӯзи ёдҳо...

Дар Тоҷикистон тибқи нақшаи тасдиқшудаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳо чорабиниҳо идома доранд. Қарор аст ҳафтаи ҷорӣ силсилаи “мизҳои мудаввар”, мулоқотҳо, машқҳо роҳандозӣ шаванд, ки дар болоравии сатҳи огоҳии аҳолӣ дар омодагӣ ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда мусоидат хоҳанд