Омӯзишҳо барои аҳолии кишвар

Яке аз чорабиниҳои асосӣ барои ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фақулодаи табиӣ ва техногенӣ инъикоси саривақтӣ ва роҳандозии омӯзишҳо ва иттилоърасонӣ ба аҳолӣ мебошад.

Аз ҷумла, заминларза як зуҳуроти пешбининашавандаи табиӣ аст ва беҳтарин тадбир ва чораи бехатарӣ ин омодагии қаблист.

Бо назардошти ин ва дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ – 13 октябр аз 25 сентябр то 6 октябри соли 2023 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми кишвар бо дастгирии Агентии Оғохон оид ба муҳити зист дар саросари кишвар дар байни аҳолӣ курсҳои омӯзишӣ бо номи «shaik out» («шайк аут») мегузаронанд, ки ҳадаф аз он  омода намудани аҳолӣ ба амалҳо дар ҳолати зилзилаҳои эҳтимолӣ мебошад.

Ин машғулиятҳо бо истифодаӣ аз рӯнамоиҳо ва равишҳои нави бозиҳо роҳандозӣ мешаванд ва видеороликҳои омӯзанда ба хонандагон, омӯзгорон, волидон мефаҳмонанд, ки дар ҳолатҳои гуногуни заминларза чӣ бояд кард. 

барчасп: