Донишмандон мегӯянд сабаби давомнокии таъсири Ковид метавонад лахтшавии хун бошад

Бемории коронвирус, ки бо номи илмии COVID-19 ёд мешавад, аз соли 2019 дар саросари олам паҳн шуд ва чун як касалии уфунии хатарзо машҳур гашт. Ёди он рӯзҳо ҳанӯз ҳам аз лавҳи хотирҳо фаромӯш нашудааст. Танҳо дар Тоҷикистон мо даҳҳо нафар дӯстону пайвандонро аз даст додем. Басо шахсияҳои бузурге ба чанги ин беморӣ уфтодаву оламро дар айни камолоти эҷодӣ тарк карданд. Аз оғоз то ба имрӯз дар саросари дунё аз ин бемории ҳамагир бештар аз 20 миллион нафар ҷони худро аз даст доданд. Агар ин вирус охири соли 2019 аз худ дарак дода бошад, 11 марти соли 2020 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ онро пандемия эълон кард. Бино ба маълумоти ҳамин созмони байналмилалӣ то 13 июли соли 2023 дар олам бештар аз 767 миллион  ҳодисаи сироят ба ин вирус сабт шуд.

5 майи соли 2023 Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом Гебрейесус эълон кард, ки дигар аз ин ба баъд Ковид-19 дар соҳаи тандурустӣ таҳдид ва хатари ҷаҳонӣ нест, тибби дунё тавонист роҳҳои нави муолиҷа ва пешгирӣ аз онро бо тавлиди доруҳои нав ва ваксинаҳои гуногун пайдо кунад.

Инак, хатар рафъ шудааст, вале пажӯҳишҳо атрофи он идома доранд. Аз оғоз то ба имрӯз мо шоҳиди даҳҳо таҳқиқоти илмии фарогир ҳастем. Илм то кунун ба суоли аслии манбаъи пайдоиши коронавирус Ковид-19 посух наёфтааст. Ҳанӯз ҳам дар аксар таҳқиқот ангушти ишора сӯи озмоишгоҳи Вуҳони Чин дароз мешавад, ҳарнд то кунун ба ин баҳс нуқта гузошта нашудааст.

Тозатарин пажӯҳиш, ки ҳоло бо истинод аз як гузориши ВВС атрофаш сухан хоҳем ронд, ба “ковиди тӯлонишуда” иртибот дорад. 

Донишмандони Британия ба ин натиҷа расидаанд, ки баъзе нишонаҳои ба истилоҳ “ковиди тӯлонишуда” ва ё синдроми баъдиковидӣ ба лахтшавии хун иртибот дорад, ки баъди беморӣ дар мағзи сари инсон ба вуҷуд меояд.

 Дар ин пажӯҳиш 1837 нафар, ки вақтҳои гуногун бо аломатҳои вазнини Ковид-19 дар беморхонаҳо бистарӣ шуда буданд, ширкат карданд. Олимон мегӯянд ду сафеда дар хун ба он ишора мекунад, ки яке аз сабабҳои муддати тӯлонӣ ба ҳоли аввал барнагаштани саломатии ин афрод маҳз лахтҳои кӯчаки хун аст.

Дар хуни беморони бо аломати “ковиди тӯлонишуда” муайяншуда сатҳи баланди сафедии фибриноген (сафедаи беранги омезишёфта дар плазмаи хун), ки ҳангоми лахташавии хун ба шикастан оғоз мекунад ва як порчаи сафедаи D-dимер, ки ҳангоми обшавии лахтаҳои хун ба вуҷуд меояд, пайдо шудааст.

 Доктор Макс Таке аз донишгоҳи Оксфорд гуфтааст, ки “ин фибриноген ва D-димер дар лахташавии хун иштирок мекунанд, бинобар ин натиҷаҳо ин фарзияро дастгирӣ мекунанд, ки лахтаҳои хун сабаби мушкилот пас аз Ковид мешаванд. Фибриноген метавонад бевосита ба майна ва рагҳои хунравии он таъсир расонад, дар ҳоле ки D-dimer аксар вақт аз ташаккули лахтаҳои хун дар шуш дарак медиҳад. Натиҷаҳо шаҳодат аз он медиҳанд, ки одамони дорои сатҳи баланди D-димер аз хастагии шадид ва мушкилот дар нафаскашиву мутамарказ кардани таваҷҷуҳ шикоят мекунанд.

Таҳқиқоте, ки дар ИМА анҷом шуд, натиҷаи мушобеҳ дод. 

Донишмандони британиёӣ вақте ин таҳқиқотро роҳандозӣ карданд, мехостанд аслан ба ин суолҳо посух пайдо кунанд:

  • чаро баъзе одамон назар ба дигарон хеле ба зудӣ табобат мешаванд?
  • чаро баъзе беморон ба мушкилоти дигаре дар саломатӣ рӯбарӯ мегарданд?
  • кадоме аз табобатҳо, оне, ки дар бемористон гирифтанд ва ё оне ки баъд самаровартару фоидаовартар буд?
  • чӣ гуна бояд беморонро баъди ҷавоб шудан аз беморхона назорат кард?

Ин гурӯҳи донишмандон ҳамчунин тасмим гирифтанд дар доираи пажӯҳиш ҳар маълумотеро, ки ба даст меоранд, барои дигарон ва таҳқиқотҳои дигар дастрас намоянд.

Ҳоло олмон ба ин назаранд, ки ҳудудан дар 16 дарсади беморон тӯли қариб шаш моҳ мушкилот дар мулоҳизаронӣ, ҷалби таваҷҷуҳ ва заъфи хотира мушоҳида шудааст. Аммо “ковиди тӯлонишуда” метавонад ҳатто дар ҳоли сабук пушти сар кардани беморӣ ҳам рушд кунад. Ин аст, ки донишмандони донишгоҳҳои Оксфорд ва Лестер қайд мекунанд :

  • хулосаҳои онҳо танҳо ба бемороне тааллуқ дорад, ки барои муолиҷа ба беморристон муроҷиат кардаанд.
  • ин хулосаҳо ниҳоӣ нестанд, вале “сарриштаи ҳалли як мушкилоти илмист”. Барои муайян кардани вазъи ҳол бояд бо фароҳам омадани имконот як пажӯҳиши дигар роҳандозӣ кард ва ҳамзамон усулҳои табобатро такмил бояд дод ва шеваҳои нави муолиҷаро таҷриба бояд кард. 

Ба гуфтаи муаллифи таҳқиқот, профессор Пол Ҳаррисон аз Донишгоҳи Оксфорд, як қадами калидӣ барои фаҳмидани табиати тумани мағзӣ дар сар пас аз Ковид фаҳмидани сабабҳои аслии пайдоиши он мебошад. Вале бояд дар хотир дошт, ки "Ковиди тӯлонишуда" метавонад сабабҳои гуногун дошта бошад.

Ба гуфтаи Крис Брайтлинг, профессори тибби роҳи нафас дар Донишгоҳи Лестер, аворизи ношӣ аз Ковид-19 “бо вазъияти саломатии як шахс билофосила қабл аз беморӣ ва он чӣ пас аз беҳбудӣ иттифоқ меуфтад”, муайян мешавад.

Омӯзгори донишгоҳ доктор Саймон Ретфорд аз Ланкашир (графнишини Ланкашир) моҳи октябри соли 2020 ба Сovid-19 сироят шуд ва муддати ду ҳафта дар ҳоли беҳушӣ (кома) хобид. Духтурон ба наздикони бемор хабар доданд, ки метавонанд омодаи пазириши он бошанд, ки ҳоли бемор бадтар аз ин шавад. Аммо ӯ батадриҷ шифо ёфт ва дар айни замон дар ҳудуди 60-70% саломатии худро барқарор кардааст. Вале то кунун аз мутамарказ намудани таваҷҷуҳ,  кутоҳмуддат гум кардани хотира ранҷ мебарад. 

То оғози гирифтори ба Ковид вай корманди идораи пулис буд, вале баъд ноилоҷ аз симаташ истеъфо дод, чун дигар мисли пештара наметавонист он ҳама ори гарони фикриро дар ин идора бикашад. Вай мегӯяд агар дар кор каме талоши бештар кунад, зуд хаста мешавад. Вале боз ҳам хушбин аст ва мегӯяд: “бо вуҷуди ин ҳама мушкилот, ман зиндаам ва миёни мардум, вале ҳазорон нафар дигар бо мо нестанд”.

барчасп: