Аралро бояд наҷот дод. Тоҷикистон давлати ташаббускор дар ҳалли буҳрони баҳри Арал

Арал

Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи навбатии ҷашнии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Тоҷикистон аз рӯзи аввали таъсиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) 26 марти соли 1993 ҳамчун давлати ташаббускор дар радифи дигар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ узви фаъоли ин бунёд мебошад.

Ҳавзаи баҳри Арал

Ҳавзаи баҳри Арал тақрибан 700 000 километри мураббаъро фаро гирифта, Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, қисми зиёди ҷануби Қазоқистон ва шимоли Афғонистонро дар бар мегирад, ки масоҳати дорои кӯҳҳои баланд, даштҳои хушк, нимбиёбон ва биёбонҳо мебошад. Ба ҳавзаи баҳри Арал ду дарёи бузург ва асосии Осиёи Марказӣ — Амударё ва Сирдарё дохил мешаванд. Амударё, ки 2540 км дарозӣ дорад, аз ҷануб ва Сирдарё бо тӯли 2200 километр аз шимол ба баҳри Арал мерезанд.

Буҳрони Арал — фоҷиаи асри XX

Ҳадафи таъсиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал бартарафсозии буҳрони экологӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳавзаи баҳри Арал аст, ки батадриҷ пастшавии сатҳи оби онро ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз фоҷеаҳои асри ХХ арзёбӣ намуда буд.

Шакли комили мақола ин ҷост: АРАЛРО БОЯД НАҶОТ ДОД

барчасп: