Идома корҳои бартарафсозии оқибатҳои селҳои харобкор дар қаламрави шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ

Рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар ноҳияи Варзоб ва шаҳри Ваҳдат идома доранд. Барои ин кор воситаҳои техникӣ ва сокинони деҳоти ҷамоатҳои ҷалб шудаанд.

Шаҳри  Ваҳдат

4 сентябри соли 2023 дар қаламрави ҷамоатҳои деҳоти ба номи Нуъмон Розиқ, Симиганҷ, Чӯянгарон ва Ромит барои рафъи паёмадҳои офати табиӣ корҳои зерин анҷом дода шуданд: 

- бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ бо ёрии техникаи муҳандисӣ 15 километр роҳи байни деҳаҳо, 1,5 километр қисмати болоии оби дарё, инчунин ҳудуди 43 бинои истиқоматӣ ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ аз лойю хоку сангу регу селовардаҳои дигар пурра тоза карда шуд.

 Роҳи байни қишлоқҳо   аз сангу шағал тоза карда шуда, ҳаракати мошинҳо таъмин гардид. Роҳи деҳаи Ёс бо ёрии техника ва ҷалби аҳолӣ бо усули ҳашар қисман тоза карда шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.

 Ба аҳолии аз офати табиӣ зарардида ёрй расонида шуд. Ҳолати хатаровари соҳили пули деҳаи Боғи Мирй, ки бинобар баланд шудани сатҳи об дар дараи Хел ба вуҷуд омада буд, аз байн бурда шуда, рафтуомади аҳолӣ таъмин гардид.

- дар маҳаллаҳои Наврӯз-1, Наврӯз-2 ва Саричашмаи ҷамоати деҳоти ба номи Н.Розиқ 35 хонаи истиқоматие, ки бар асари омадани сел зарар дида буд, корҳои поксозӣ аз регу шағалу хоку лой бо ҷалби аҳолии рустоҳо идома дорад.

Корҳои соҳилбандӣ ва барқарорсозӣ бо ёрии экскаватор идома дошта, 150 метр маҷрои дарё аз хоку харобаҳо тоза карда шудааст. Роҳҳои байни кӯчаҳо дар масофаи 1 километр бо хоку шағал пӯшонида шудаанд, кор дар ин самт идома дорад. Аҳолии осебдида бо ёрии техникаи махсуси хадамоти коммуналӣ ва таъмири роҳҳои шаҳр бо оби ошомиданӣ таъмин карда мешавад.

 

Ноҳияи Варзоб  

4 сентябри соли 2023  хидматчиёни ҳарбии яке аз қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби техникаи муҳандисӣ ба корҳои рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар дар ҳудуди деҳаи Ғусғарфи ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъаи ноҳияи Варзоб идома доданд. 

барчасп: