COVID-19: Аз эълони ҳамагирии ҷаҳонии коронавирус як сол сипарӣ шуд

Як сол пеш дар ҳамин рӯзҳо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи ҳамагирии коронавирус аввалин иттилоро пахш кард. Нахустин хабарҳо дар бораи касони мубтало ба бемории коронавирус дар Чин аз охири моҳи январи соли 2020 расонаӣ шуданд. Миёнаҳои моҳи феврал ин вирус ба Аврупо расид ва алакай дар охири моҳ аввалин локдаун дар Италияи Шимолӣ эълон гардида буд.

ШУМОРИ ФАВТИДАГОН АЗ КОРОНОВИРУСИ ЧИНӢ ДАР ИН КИШВАР АЗ 80 НАФАР ГУЗАШТААСТ
КОРОНОВИРУСИ ЧИНӢ: АЗ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ ЧӢ ГУЗАШТ?

Комиссияи Аврупо истифодаи воксани ширкати дорусозии Janssen – ро барои кишварҳои узви ИА тайид кард. Комиссияи Аврупо замоне ба ин қарор омад, ки Агентии аврупоии воситаҳои доруворӣ тавсия дод, ки ба ин воксан шаҳодатномаи муваққатии сабт дода шавад.

Фаронса маҳдудиятҳои сафар ба 7 кишвар, аз ҷумла Британияи Кабир, Исроил, Австралия, Зеландияи Навро лағв мекунад.

Омори марги рӯзона аз корона дар Бразилия аз 200 нафар гузашт. Омори сироят низ раванди фазоянда дорад.

Ҳукумати ИМА намояндагони Иттиҳодияи Аврупоро огоҳ кард, ки кишварҳои узви ин паймон вақтҳои наздик ба воксани тавлиди амрикоии AstraZeneca дастрасӣ нахоҳанд дошт. Вашингтон хабар додааст, ки дар айни замон имкони  таҳияи ин воксан барои Иттиҳодияи Аврупо вуҷуд надорад.

Нидерландия ба истифодаи воксани британиёиву шведии зидди коронавирус идома медиҳад.  

Ҷумҳурии Намибия 50-умин кишвари олам аст, ки воксани русии зидди коронавируси "Спутник V" – ро ба даст овардааст.

Ҳукумати  Озарбойҷон хостори дарёфти воксани русии «Спутник V» аз  COVID-19 шуд.

Аз имрӯз, панҷшанбе 12-уми март дар Эстония бори дигар локдаун эълон шуд ва қарор аст он муддати як моҳ идома кунад. Мактабҳои баста мешаванд ва таҳсил фосилавӣ сурат хоҳад гирифт. Кулии мағозаҳои ғайрхӯрокворӣ низ баста мешаванд. Гашутугузор маҳдуд аст, танҳо ду нафарӣ ва он ҳам бо рияои фосилаи иҷтимоии думетрӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштугузор кунанд.  

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев ба ин назар аст, ки ин кишвар марҳилаи пуршиддату серталафот ва пурсироят ба коронавирусро пушти сар кардааст. Аммо вай ба сокинони Қазоқистон ҳушдор дод, ки таҳдиди сироят пурра рафъ нашудааст, аз ин рӯ эҳтиёт кунанд.  

Ӯзбекистон бастаҳои аввали воксани зидди коронавирус AstraZeneca-и тавлиди Ҳиндустонро дарёфт кард.