Activities calendar

11 марти 2021

Ёди қурбониёни зилзила, сунамӣ ва фоҷеаи ҳастаӣ дар Ҷопон. Ин фоҷеа 10 сол пеш рух дода буд

Ҷопон ёди қурбониёни зилзила, сунамӣ ва фоҷеаи ҳастаии  Фукасиморо дар даҳумин солгарди  ин фоҷеа гиромӣ медорад. Даҳ сол пеш дар ҳамин рӯз, яъне 11 март зилзилаи шадид бо қувваи 9 балл тибқи ҷадвали Рихтер Ҷопонро ларзонд, ки ин мудҳиштарин ва пурқудраттарин зилзила дар таърихи ин кишвар дониста шудааст. Ба дунболи такони шадиди замин шаҳрҳои ба соҳили обҳои шарқии Ҷопон наздикро мавҷи азими сунамӣ фаро гирифт.

Муовинони тозатаъини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда муаррифӣ шуданд

10-уми марти соли 2021 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонишини аввал ва муовинони Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифаҳои худ барканор шуданд. Ба вазифаи муовини аввал ва муовинони Раиси Кумита полковник Латифзода Ҳотамшо, полковникҳо Исозода Сулаймон ва Иброҳимзода Эмомалӣ таъин шуданд.

Ҳалокати се нафар дар лағзиши тарма. КҲФ ҳушдор медиҳад: ХАТАРИ ЛАҒЗИШИ ТАРМА БОҚӢ МОНДААСТ!

Дар маҳалли Кумарги болои ноҳияи Айнии вилояти Суғд, дар шафати корхонаи муштараки Чину Тоҷикистон “Кооперератсия-19” тарма се нафарро ба ҳалокат расонд. Ин ҳодиса дирӯз рух дод ва як нафар аз ҳалокшудагон сокини ноҳияи Айнӣ буда, 51 сол доштааст. Ду нафари дигар сокинони ноҳияи Шаҳринав буда, яке 33 ва дуюмӣ 40-сола будаанд.