Ҳавопаймо дар Покистон сарнагун шуд. 107 нафар ба ҳалокат расиданд

Дар суқути маргбори ҳавопаймои ширкати покистонии «Pakistan International Airlines» ҳамаи 107 мусофири он ба ҳалокат расиданд. «Associated Press» истинодан ба суханони шаҳрдори Карочӣ иттилоъ дод, ки касе аз сарнишинон ва мусофирони ҳавопаймо зинда намонданд

Ҳавопаймои байналмилалии «Airbus A320», ки бо хатсайри PK 8303 дар масири Лоҳур — Карочӣ парвоз анҷом медод, чанд дақиқа пеш аз фуруд дар минтақаи аҳолинишине дар наздикии фурудгоҳи Карочӣ суқут кард. Дар дохили ҳавопаймо 51 мард, 31 зан ва 9 кӯдаки ноболиғ, инчунин ҳафт ҳайати сарнишинон буданд. Дар натиҷаи садама якчанд бинои истиқоматӣ хароб шуд.

Дар бораи талафоти ҷониву хисорати расида ба сокинони маҳаллӣ хабар дода намешавад. Ин мақоми баландпояи Карочӣ гуфтааст, ки ҳоло имдодгарон ва сарбозони артиш дар маҳалли ҳодиса саргарми корҳои бартарафсозии паёмадҳои ин садамаи мудҳишанд. 

Хадамоти имдод дар маҳалли ҳодиса аз даҳҳо ҷасаде хабар доданд, ки аз зери харобаҳо берун оварда шудаанд. 

Хабаргузориҳҳо ба нақл аз мақомоти тафтишот сабаби онро иллати техникӣ унвон кардаанд. Вале мегӯянд ҳамоно дар бораи сабабҳои садама хулосаи ниҳоӣ баровардан барвақт аст. Ширкати телевизионии  Geo ҳам аз нақли директори кулли ширкати ҳавопаймоии «Pakistan International Airlines» гуфтааст, ки сабаби суқути тайёра метавонад фаннӣ бошад.

барчасп: