Activities calendar

18 майи 2020

Сели чанд рӯзи охир ба ноҳияи Хуросон чӣ зарар овард?

Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Хуросон натиҷаҳои санҷишҳои аввали худро эълон кард. Дар ҳисобот шумори хонаҳои қисман ва пурра харобшуда ва қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон овар шуд. Ҳамчунин ин комиссяи дар аввалин ҷаласа бо ширкати намояндагони сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, ки таҳти сарварии муовини Сарвазири мамлакат баргузор шуд, аз корҳои то кунун анҷомшуда иттило дод.

Ҷасади фавтидагон аз Сovid - 19 то куҷо ба атрофиён хавф дорад? Андешаҳои табиб

Дар либос ва пӯсти бадани фавтидагон ва даҳону роҳҳои нафаси онҳо, ҳатто рудаи онҳо вируси SARS-Cov-2 то 72 соат зинда боқӣ мемонад ва табиист, ки манбаи сирояти атрофиён шуда метавонад. Бо зардоб ё наҷосати аз ҷасад берун шаванда низ вирусҳо хориҷ шуда метавонанд. Лекин дар муқоиса бо беморони зинда хавфи ҷасад ба маротиб камтар аст, чун он дигар на атса мезанаду на сулфа мекунад ва ҳатто нафас...

Шабакаҳои иҷтимоӣ: манфиатовар ё хатарзо?

Замони ҳозираро  бе истифодаи васеи технологияҳои компютерӣ (IТ-техноллогияҳо) дар ҳамаи бахшҳои кору рӯзгор тасаввур кардан ғайриимкон аст: бе онҳо мо худро чун бе дасту по эҳсос менамоем.  Бидуни телефонии мобилӣ як қадам пеш рафта намешавад, агар маблағи истифодаи телефонҳоро супоидан хоҳед бояд аз хидмати терминалҳо истифода баред. Дар соҳаи маориф бе компютер ба натиҷаи хубе ноил шудан...

Ҷонҳои бурдаи селҳои харобкор

Зарфи чаҳор рӯзи гузашта аз марги чаҳор нафар дар обҳои кишвар иттило расид. Ду нафар ғарқоби селҳои харобкор шуданд. Яке ҷони ҷавонашро ба дарёи Сурхоб андохт ва худкушӣ кард. Чорумӣ, ки навраси 13-сола аст, аз бэҳтиётӣ дар рӯди Ғунд сарнагун шуд ва ҷасади ӯ ҳамоно пайдо нашудааст.  

 Ба назар мерасад боронҳои шадид аз шиддат...

Русия эълон кард, ки охири тобистон воксани зидди COVID-19 таҳия хоҳад шуд

Маркази миллии таҳқиқотии эпидемиология ва микробиология (НИЦЭМ) ба номи Н.Ф. Гамалея ахиран эълон намуд, ки воксини зидди COVID-19-ро сохтааст ва умедвор аст, ки «агар ҳодисае пеш наояд», моҳи август онро сабти ном кунад. Газета.ру ба нақл аз мудири ин марказ Александр Гинтсбург навиштааст, ки боз як моҳ ин воксан таҳқиқоти беруназклиникиро пушти сар хоҳад гузошт ва баъдан Вазорати...

КОВИД-19: Шумори сироятёфтагон дар кишвар ба 1524 нафар расид, 39 нафар ҷон бохтанд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то 17 майи соли равон дар мамлакат  4196 нафар  зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 493  нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Ҳамзамон, то соати 17:30 дақиқаи рӯзи 17 май дар...