Activities calendar

04 майи 2020

Вусъати корҳои поксозӣ дар шаҳри Исфара

Дар шахри Исфара бо мақсади пешгирии интиқол ва паҳншавии бемории  сироятии коронавирус (COVID-19) бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шахри Исфара корҳои безараргардонӣ пурзӯр гардида, ҳамаҷониба чораҳои пешгирикунанда андешида шуда истодаанд. Ҳамарӯза дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо истифода аз маводҳои кимиёвӣ корҳои безараргардонӣ мегузароннад.

Зарфи як шабонарӯзи гузашта КҲФ дар роҳандозии корҳои поксозӣ беш аз 7 тонна маҳлули гипохлорит истифода кард

Гурӯҳҳои зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз густариши короновирус басо фаъолона ҷойҳои пурҷамъият ва маконҳоеро, ки маъмулан одамон бештар таҷаммуъ мекунанд бо истифода аз маҳлули гипохлорити натрий ва калсий поккорӣ мекунанд.

CОVID-19: Шумори сироятшудагон ба короновирус дар кишвар ба 128 нафар расид. Маргумир дар Аврупо коҳиш ёфтааст, сироят дар Русия афзоиш

Вазорати тандурустии Тоҷикистон субҳи имрӯз, 4-уми май шумори гирифторон ба короновирус дар кишварро 128 нафар эълон кард. Ин вазорати дар бахши дигар аз хабари худ гуфтааст, ки аз миёни ин 128 нафар 2 нафар фавтиданд. Дар ҳамин ҳол гузориш мерасад, ки ҳодисаи маргумир бар асари короновирус дар Аврупо рӯ ба коҳиш меорад. Ҳукуматдорони Италия, Фаронса ва Испания дар бораи таҷдиди назар ба низоми карантин