Activities calendar

29 майи 2020

COVID-19 – Тоҷикистон: сироятшудагон 3686 нафар, шифоёфтагон 1769 ва фавтидагон 47 нафар

Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки то соати 17:20 дақиқаи 29 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3686 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1769 нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 47 нафар фавтидаанд.

Дуюмин боздиди Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз маҳалли офат дар ноҳия Хуросон зарфи се рӯзи охир

Зарфи се рӯзи охир Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бори дуюм аст, ки ба ноҳияи Хуросон меравад ва шахсан бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои ҳолати фавқулодда шинос мешавад, бо мардуми рустоҳои осебдида ҳамсуҳбат мешавад ва барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар корҳои бартарафсозӣ...

ҲУШДОР: Наврасони ғарқи об, худкушии ноболиғон. Ба ин ҳама кӣ посух хоҳад дод?

Ҳатто қалам оҷиз аст дар ин бора нависад. Тифлаконро волидони бепарво беназорат мегузоранд ва баъди он ки хабари фоҷеаро мешуднаванд, бо оҳу нола гӯши флак кар мекунанд. Ва ё намехоҳанд дар зиндагӣ ба арзи духтар ё писари ноболиғи худ гӯш андозанд, сирри дилашро донанду дар мушкили равонӣ ҳамроҳаш бошанд. Ва чун даст ба худкушӣ мезанад, боз ҳам нолаву фиғон мекунанд. Чаро мо ба ин ҳад бепарвоем?

Борон нагузашта боз борон, борон...Ва селу бодҳои шадид ҳамоно харобкорӣ мекунанд

Баҳор ҳоло нарафта ва ҷойи худ ба тобистон надода. Дар ин моҳ мо шоҳиди харобкориҳои боронҳои пуршиддату селҳои азим дар чанд нукоти кишвар будем, ки бадтарин ҳолат дар ноҳияи Хуросон буд. Ва батадриҷ мушкили офат кам мешавад, ҳаёт дар минтақа ба маҷрои худ бозмегардад. Аммо ин гумон хато буд, ки дигар борон даст ба бедодиву вайронӣ намезанад, чун дамои ҳаво гарм шуда. Дигар бод харобкорӣ намекунад...