Activities calendar

21 майи 2020

Covid-19: шумори мубталоён дар ҷаҳон аз 5 миллион гузашт

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо изҳори нигаронӣ аз авҷи сироят ба коронавирус эълон кард, ки дар саросари олам ҳоло беш аз 5 миллион нафар мубталои ин беморӣ шудаанд. Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар кулли кишварҳои ҷаҳон 106 ҳазор нафар чун мубталои нав ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шудаанд. Дар ҳамин ҳол Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинз хабар дод, ки шумори сироятёфтагон ба вируси короно дар дунё аз  5...

Идомаи поккориҳо дар Душанбе, Ваҳдат ва Кӯлоб

Дар саросари кишвар корҳои поккориву беҳдоштӣ ба хотири пешгирӣ аз сирояти коронавирус идома доранд. Чунончӣ, 20 майи соли 2020 дастаи кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе иборат аз 12 нафар бо 3 адад автомашина, 12 адад дастгоҳи дорупошаки дастӣ ва 3 адад дорупошаки муҳаррикдор дар ноҳияи Шоҳмансури...

Вазъ дар ноҳияи Хуросон. 86 хона пурра ва 300 метр роҳи байни кўчаҳо аз лойю об тоза карда шуданд

Шояд метавон гуфт, ки дигар нигароние вуҷуд надорад, ки оқибати офати табии чанд рӯзи охир ва хисорати он дар ноҳияи Хуросон ба зудӣ бартараф мешавад. Кӯмакҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалии муқими кишвар ва саховатпешагон ба минтақа сарозер мешавад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматчиёни ҳарбии...