Тибқи маълумоти сардори Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Ваҳдат бар асари боронҳои пуршиддати рӯзҳои 13 - 14 майи соли 2020 сатҳи оби дарёи Кофарниҳон баланд гардида ба 6 (шаш) хонаи истиқоматии шаҳрвандони кӯчаи Ғалабаи маркази шаҳр об даромад ва зарар расонид.
Бар асари ин офати табиӣ сокинон фавран ба маконҳои амн, ба хонаҳои хешу пайвандонашон интиқол дода шуданд. Барои хоҷагиҳои зарардида аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Раиси Кумита кумакҳои аввалия аз қабили кӯрпаву бистару болишт, ҷойхоб, таҷҳизоти рӯзгор, бастаҳои беҳдоштӣ дастрас гардониданд.
Инчунин аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ба хоҷагиҳои зарардида маводҳои ғизоӣ, аз ҷумла,картошка, пиёз, сабзӣ, карам, биринҷ, макарон, равған, намак, чой, шакар кумак карда шуд.
Айни ҳол дар мавзеи офатрасида намояндагони ШВКД-и шаҳри Ваҳдат, Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, кумитаи маҳалла навбатдории шабонарӯзӣ ба роҳ монда, зери назорати доимӣ қарор додаанд.
Ҳамоно баланд будани сатҳи оби Кофарниҳон ва идомаи боронҳои пуршиддат роҳандозии корҳои бартарафсозии оқибати офати табииро мушкил кардааст. Танҳо баъди қатъи боронҳо ва поин шудани сатҳи об имкони бартараф кардани паёмадҳои офат имконпазир мешавад.