Корҳои таблиғоти зиддивирусӣ дар мактабҳои оливу миёнаи шаҳри Душанбе

Пешгирӣ беҳтар аз табобат аст. Агар қоидаҳои бехатарӣ риоя шаванд ва одамон ба тавсияҳои духтурон ва кормандони беҳдошт гӯш андозанд ва онҳоро иҷро кунанд, хатари сироят ба ҳар вирус, аз ҷумла КОВИД-19 низ шадидан коҳиш меёбад. Дар ҳоле ки ин гуна тавсияҳо то кунун хеле зиёд шудаанд ва ҳар кадом дар ҷойи худ қобили истифодаву риоя аст. Командони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ин ҳама ин шабу рӯз канори ниҳодҳои дигар корҳои таблиғотии зидди короновирусро тақвият додаанд.

Бо мақсади таҳкими пешгирӣ аз хатари сироят ба COVID-19 ва таъмини беҳбуди вазъи беҳдоштиву  эпидемиологии аҳолӣ миёни коллективҳои педагогии як қатор мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе, ҳамчунин панҷ мактаби олии пойтахт кормандони идораи наҷоти кишвар бо истифода аз техникаи махсуси КҲФ корҳои таблиғотӣ роҳандозӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот кормандони Кумита бо намоиш додани филмҳои омӯзишиву аниматсионӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ва коҳиш додани хатари сироят ба вируси короноро нишон доданд. Дар ин филмҳо ба таври амалӣ қоидаҳои беҳдошти шахсӣ ва зарурати муроҷиати саривақтӣ барои кумакҳои тиббӣ дар сурати ошкор шудани ҳатто яке аз нишонаҳои сироят ба короновирус нишон дода шудаанд. 

Ғайр аз ин дар синфхонаҳо кормандони бахши тиббии КҲФ ба хонандагон истифода аз маводҳои антисептикӣ ва риояи дигар қоидаҳои беҳдоштиро амалан нишон доданд. 

Дар поёни нишастҳо ҳатман ба ширкаткунандагон варақаву китобчаҳои иттилоотӣ тақсим карда мешуданд.