Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Сӯхтор дар танкерҳои баҳри Сиёҳ

Рӯзи душанбе, 21 январи соли ҷорӣ дар баҳри Сиёҳ киштиҳои  "Канди" ва "Маэстро", ки зери парчами Танзания дар ҳоли ҳаракат буданд, оташ гирифтанд. Тибқи охирин иттилои расида ин сӯхтор замони интиқоли сӯзишворӣ аз як киштӣ ба киштии дигар рух додааст ва оташ саҳни ду киштиро бо дуду ғализи худ пӯшидааст.

Дар ин ду танкер (ТАНКЕР - навъе киштии тиҷоратӣ аст, ки барои ҳамлу нақли маводи моеъ пешбинӣ шудааст) 32 нафар савор буданд ва аз онҳо танҳо 12 нафарро тавонистанд наҷот диҳанд. 10 баҳрнавард кушта пайдо шудааст ва даҳ тани дигар ҳоло бенишон гуманд. 

Кумитаи тафтишотии Русия навори оташ гирифтани киштиҳоро  дар  Twitter и нтишор додааст, ҳамчунин лаҳзаҳои хомӯш кардани оташ дар ин танкер низ дар навор омадааст. Гуфта мешавад, ки ин оташи кушанда бо кумаки киштиҳои  «Меркурий» ва «Демидов» хомӯш карда шудааст. Консулгариҳои Туркия ва Ҳинд аз ҷараёни хомӯш карда шудани оташи афрӯзони киштиҳо дар ҷараён гузошта шуда буданд. 

Дар хабари дигаре омадааст, ки киштиҳои Venice ва Maestro, ки дар гулӯгоҳи Керч оташ гирифта буданд, дар рӯйхати таҳримҳои Вазорати молияи ИМА дохил шуда будаанд.  Аз ин рӯ киштиҳо илоҷи дигаре надоштанд ба ҷуз ин ки дар миёни баҳр аз ҳамдигар маводи сӯхт гиранд, чун вурудашон ба бандари Темрюк мамунъ буд.

Аммо дар Русия сабаби оташ гирифтани ин ду киштиро таркиш унвон карданд. Дар ин хабар гуфта мешавад, ки эҳтимол меравад маллоҳон  бехатарии техникиро дар вақти интиқоли маводи сӯхт аз киштӣ ба киштии дигар риоя накарданд ва дар натиҷа инфиҷор ба амал омад. Баъди ин оташе, ки дар киштии аввал забона зада буд, ба киштии ҳамсоя гузашт.

 

барчасп: