Activities calendar

29 апрели 2021

Дарсҳои омӯзишии мудофиаи гражданӣ дар Роғун

Дар остонаи Рӯзи мудофиаи гражданӣ кормандони шӯъбаи КҲФ дар шаҳри Роғун дар байни донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18 машғулиятҳои намоишӣ оид ба мудофиаи шаҳрвандӣ дар мавзӯи «Амалҳои роҳбарият ва нерӯҳои ғайринизомӣ ҳангоми эвакуатсияи донишҷӯён ва омӯзгорон дар ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ (заминларза ва сӯхтор)" гузарониданд

Хатари коронавирус дар Ҳинд. Мурдаҳоро дар кӯчаҳо месӯзонанд

Ҷомеаи ҷаҳони аз вазъи гирифторон ба коронавирус дар Ҳинд нигарон аст. Тибқи оморҳои расмӣ шумори фавтидагон дар ин кишвар аз КОВИД-19 аз 200 ҳазор нафар гузаштааст. Аммо коршиносон мегӯянд ин рақам ба воқеъият рост намеояд, чун дар кишваре мисли Ҳиндустон, ки бештар аз 1,3 миллиард аҳолӣ дорад, амалан ҳисобу китоби дақиқ имкон ҳам надорад. Боз дар ҳолест, ки механизми сабти ин ҳодисаҳо...

Тамрини мудофиаи гражданӣ дар хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон

Дар Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон ва воҳидҳои сохтории он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар мавзуи “Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании хадамот ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда (сўхтор)” гузаронида шуд.

Мақсад аз гузаронидани ин чорабинӣ баланд бардоштани...

Флоти сар аз тан ҷудо. 40 сол пеш ҳодисае рух дод, ки флоти уқёнуси Ороми Шӯравиро куллан бесарвар гузошт

40 сол пеш, 7-уми феврали соли 1981, дар наздикии фурудгоҳи низомии Ленинград ҳавопаймои Ту-104, ки бо 50 нафар – 44 мусофир ва 6 хадамаи он ба самти Владивосток дар ҳоли парвоз буд, сарнагун шуд. 16 нафари онҳо адмиралҳо ва генералҳои артиши Иттиҳоди Шӯравӣ, 12 капитани ранги аввал ва полковникҳое буданд, ки аз ҷамъомади фармондеҳони кулли флотҳои ҳарбии Шӯравӣ бармегаштанд.