Activities calendar

08 январи 2020

Ҷузъиёти сарнагунии ҳавопаймои украинӣ дар Теҳрон. Касе зинда намонд

Ҳамаи мусофирон ва сарнишинони ҳавопаймои Боинги ширкати ҳавопаймоии Украина, ки субҳи имрӯз дар Теҳрон сарнагун шуд, кушта шуданд. Дар ин бора Рейтер истинодан ба гузориши телевизиони Эрон хабар дод.  Ин ҳавопаймо фурсате баъд аз он ки аз замин боло шуд, сарнагун гардид. Намояндаи вазорати авиатсияи Эрон Ҷаъфарзода ба РИА Новости хабар додааст, ки дар ҳавопаймо 167 нафар сафар доштанд.

Ҳавопаймои украинӣ бо садуҳаштод мусофир дар Теҳрон сарнагун шуд

Ҳавопаймои украинии Боинг-737 бо 180 мусофир дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Имом Хумайнии шаҳри Теҳрон сарнагун шуд. Дар ин бора хабаргузории эронии Тасним иттилоъ дод. Ин ҳавопаймо аз Теҳрон ба самти Киев дар ҳоли парвоз буд. Хабаргузорӣ гуфтааст, ки ҳодисаи сарнагунии ҳавопайморо сарвари фурудгоҳ тасдиқ кардааст ва хабар додааст, ки тайёра баъди он ки ба ҳаво хест, ба замин сарозер шуд.

ФАВРӢ: Як куштаи тарма дар Рашт

Бар асари лағзиши тарма дар ноҳияи Рашт як нафар ба ҳалокат расид. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад, ки сокинон бояд дар рӯзҳои ҳавои номусоид анҷоми ҳар гуна корҳои саҳро, ғунучини ҳезум, шикор ва ғайраро мавқуф гузоранд.

Нисфирӯзии 7-уми январ сокини бистсолаи деҳаи Сиполинг, ҷамоати деҳоти Ясманди ноҳияи Рашт ба кадом мақсаде ба самти чапи деҳа рафтааст. Баногоҳ аз доманакӯҳ тарма...

Тақвими рӯз: Солҳое 8-уми январ

8 январи соли 2019. Дар ҷараёни сафари кории худ ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Назарзода Р. бо сарварони шуъбаҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва вилоятии Раёсати КҲФ дар ВМКБ ҷаласаи фаврӣ доир намуд. Муфассал ин ҷост. https://www.khf.tj/calendar/2019/01/08