Ахбори рӯз

Ҷустуҷӯи изи ҷиноят дар соҳили Зарафшон. Наҷотдиҳандагони КҲФ дар соҳили дарёи пурхурӯши Зарафшон рабудашудагонро меҷӯянд

Кормандони Раёсати махсусгардондашудаи хадамоти ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастаи наҷотдиҳандагони Кумита  дар водии Зарафшон шаҳрванд Исмоилҷон Раҳмонов ва мошини тамғаи  «Hyundai Sonata»-ро меҷӯянд, ки дар он ҷонишини раиси “Орёнбонк” Шӯҳрат Исматуллоев рабуда шуда буд.

Рейдҳои муштарак идома доранд

Рейдҳои муштарак

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марказҳои истироҳату тафреҳ дар соҳили обҳои кишварро пайваста назорат мекунанд. Мутахассисон ҳамроҳ бо кормандони ВКД, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо дар ҷойҳои барои оббозиву шиноварӣ мамнуъ рейдҳо

Ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии рафъи паёмадҳои офати табиӣ дар Роштқалъа баргузор шуд

Роштқалъа

29 июни соли  2023 ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии бартарафсозии паёмадҳои офати таиӣ дар ноҳияи Роштқалъа таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Сулаймон Исозода ва сарвари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот баргузор шуд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба офати

КҲФ: Ҳавои олудаву пур аз чангу хок боз чанд рӯзи дигар боқӣ мемонад. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумони Агентии ҳавошиносии кишвар ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони мамлакат мерасонад, ки аз 30-уми июн то 2-уми июли соли 2023 дар ҳудуди вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ хокбориш идома хоҳад кард. Рӯзҳои 3-4 июли соли равон дар қаламрави вилояти Хатлон ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ боди шадид

Заминларзаи субҳи имрӯз. Талафоти ҷониву хисороти дигар нест

Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар дод, ки имрӯз, 29-уми июн соати 09:57 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин зилзила 280 кило метр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 22 километр ғарбтари шаҳри Хоруғ буд.
Қувваи заминларза дар маркази он 4 балл, дар шаҳри Хоруғ 3

Страницы