Ахбори рӯз

Роҳи Душанбе-Ваҳдат-Лахш, ки бар асари омадани сел баста шуда буд, дубора боз гардид

Ҳамчуноне пештар хабар дода будем, 23 августи соли 2023 дар километри 250-уми роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Лахш дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сурхоб, наздикии Арчакаппа бар асари об шудани пиряхи “Баралмас” сел омад ва маҷрои дарёи Сурхобро муддати 1 соат баст. Дар натиҷа 400 метр роҳи мошингард шуста шуда, 3 симчӯби интиқоли қувваи барқ ва 150 метр кабели қуввааш 10 кВт хароб шуд.

Сел дар Лахш роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат Лахшро баст

23 августи соли 2023 тахминан соати 15:40, дар километри 250-уми роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Лахш дар қаламрави ҷамоати деҳоти Сурхоб, дар наздикии Арчакаппа бар асари болоравии ҳарорати ҳаво об шудани пиряхи “Баралмас” мушоҳида шуд. Дар натиҷа оби шорида аз ин пирях ба сел табдил шуд ва ҷараёни оби дарёи Сурхобро муддати як соати пурра баст.

Дар садамаи Дулан дар Хишекати ноҳияи Айнӣ як сокини деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич дар беморхона бистарӣ шуд

21 августи соли 2023 кормандони Раёсати махсусгардондашудаи ҷустуҷӯӣ ва наҷоти Кумитаи ҳоалтҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди роҳандозии амалиёти ҷустуҷӯӣ ҷасади сокини 11-солаи деҳаи Ҷангалобод-3-и шаҳри Ваҳдат ва сокини 53-солаи деҳаи Хӯҷа Панҷи ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷекентро пайдо ва ба пайвандонашон супурданд.

Анҷоми амалиёти наҷоти 13 кӯҳгарди Русия. Иттилои расмӣ (ВИДЕО)

18 августи соли 2023 ҳангоми поин шудан аз қуллаи Корженевский (7105 метр) як нафар аз ҷумлаи 13 нафар кӯҳгардони Русия дар ҷарии умқаш 300 метр сарозер шуд. Се нафари дигар ҳам осеб дидаву ба ёрии тиббӣ ниёз доштанд.

Кӯҳгардон Олег Персикови 38-сола, сокини вилояти Москавро, ки қабурғаҳояш шикаста буданд, то ба марғзори...

Се ғарқшудаи рӯзҳои охир. Яке ҳамагӣ 11 сол дошт

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар ягон ҳодисаи табиӣ ва технигенӣ сабт нашуд. Вале мутаассифона, боз ҳам аз бетаваҷҷуҳии падару модарон ва риоя нашудани қоидаҳои шиновариву оббозӣ аз ҷониби калонсолон дар обҳои кишвар се ҳодисаи марги одамон дида шуд, ки як нафари онҳо наврас буд.

Чунончӣ, 20 августи соли 2023 соати14:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ...

Страницы