Ахбори рӯз

Ҳамлаи паланги барфӣ ба чорвои хонагии як сокини Роштқалъа

Бино ба маълумоти қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22 феврали соли равон соати 05:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ паланги барфӣ вориди ҳавлии сокини деҳаи Табарсеми ҷамоати Сежди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ шуда, 18 сар чорвои хурди онро дар оғилхона ба ҳалокат расондааст.

Ҷаласаи тантанавӣ дар Кумита бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ

23 феврали соли 2024 дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳалатҳои фавққулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 31-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид. 

Ҷаласаи тантанавиро ба муносибати ид ифтитоҳ намуда, муовини якуми Раиси КҲФ полковник Х.Латифзода кормандонро табрик гуфт. Вай аз ҷумла изҳор дошт:

Э Ъ Л О Н

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаи холии штатии ҳарбии афсарӣ ва прапоршикӣ дар Дастгоҳи марказӣ, Раёсатҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе, сохторҳои Кумита дар гарнизони Душанбе ва қисмҳои ҳарбӣ номзадонро қабул менамояд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хизмати ҳарбӣ дохил мешаванд, бояд ба талаботҳои муқарраршудаи зерин мувофиқат кунанд:

Резиши санг дар Дарвоз

Ҳамчниноне истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар дода будем, боришоти пуршиддат метавонад сабаби лағзиши тарма ва резиши санг шавад.

Чунончӣ, 20 феврали соли 2024 соатив 08:24 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километри 285 роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ, ки аз қаламрави деҳаи Яхчисори ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвози ВМКБ мегузарад, резиши санг ба қайд гирифта шуд.

Ҳашар дар Хатлон

Бо мақсади омодагӣ ба мавсими обхезӣ, инчунин пешгирии ҳодисаҳои табиӣ, аз қабили селу ярч дар минтақаҳои хатарноки воқеъ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон давоми се рӯз кормандони КҲФ бо ҷалби мақомоти маҳаллӣ ва аҳолӣ бо ташкили ҳашарҳо ҷӯву заҳбурҳо ва селроҳаҳову ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна хасу хошоку сангу шағл тоза карданд.

Дар рафти чорабиниҳои гузаронидашуда аҳолӣ ва воситаҳои техникии воҳидҳои Низоми ягона системаи пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодда барои тоза кардани ҷӯву каналҳо ва сою селроҳаҳо ҷалб карда шуданд.

Страницы