Омӯзишҳои омодабош дар ноҳияи Шаҳринав

Ҳоло, ки ҳолати фавқулодда рух надода, офати табиву техногенӣ таҳдид намекунад, ҳаво бебориш аст ва хавфи омадани сел дида намешавад, бояд омода буд. Зеро офатҳои табиӣ бе огоҳӣ меоянд, инсонҳоро дар ғафлат мегузоранд. Вале тамринҳову омӯзишҳо метавонанд дар ҳар ҳолат муфид бошанд, чун нерӯҳои наҷот ва аҳолӣ ҳаддиақал медонанд, ки дар ин гуна ҳолатҳо чӣ бояд кард. Ин аст ҳадафи барномаҳои омӯзишии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ки пайваста роҳандозӣ мешавад.

Омӯзишҳои фармондеҳиву ситодӣ дар мавзӯъи “Амали ҳайати роҳбарии хадамоти нерӯҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда”. Ин омӯзишҳо аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Шаҳринав гузаронида шуданд, ки  ба алгоритмҳои иқдом ҳангоми бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, вазифаҳои мудофиаи гражданӣ – омодасозии аҳолӣ, роҳандозии корҳои садамавиву наҷот ва дигар корҳои зарурӣ, фавран барқарор намудани фаъолияти хадамот комуналӣ, таъмини омодагии ҳамешагии нерӯҳо ва воситаҳо равона шуда буданд. 

Ҳадафи тамринҳои фармондеҳӣ-ситодӣ муайян намудани сатҳи омодагии роҳбарони хадамоти гуногун ноҳия барои бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ, такмили малакаҳои ҳайати шахсӣ ба роҳандозии корҳои садамавиву наҷот барои ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда иборат буд.

Дар ҷараёни омӯзишҳо, ки дар се марҳила баргузор шуданд, масъалаҳои омодагии мақомоти идории мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, Системаи ягонаи пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда, нерӯҳо ва воситаҳо ҳангоми омадани сел ва интиқоли аҳолӣ ба маконҳои амн тамрин шуданд. 

Нуқтаҳои беҳдоштии муваққатӣ барои ҷойгиронии аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, созмонҳои ғайриштатии садамавиву наҷот, нуқтаҳои таъмини аҳолӣ бо воситаҳои ҳимоя, нуқтаҳои сайёрӣ ғизо ва таъминот низ мавриди санҷиш қарор гирифтанд.