Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Ҳайати Қатар дар Тоҷикистон: дидорҳо дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Дирӯз ҳайати давлати Қатар дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору мулоқотҳо бо сарварони Кумита ва масъулини вазорату идораҳои дахлдор дошт ва бо тарҳҳое ошно шуд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони КҲФ, зарфиятҳи техникӣ ва роҳандозии корҳои соҳилбандиву соҳилмутаҳкамкунӣ равона шуда буд. Имрӯз ва рӯзи дигар ин ҳайат аз манотиқи офатзадаи вилояти Хатлон дидан мекунад.

26 июли соли 2018 дар доираи рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо ҳайати давлати Қатар бо сарварии Дабири кулли Кумита оид ба танзими кумакҳои башарии давлати Қатар ҷаноби Иброҳим Абдулло ал-Дуҳеймӣ баргузор шуд.

Дар мулоқоти корӣ ҳамчунин роҳбар ва кормандони масъули Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қатар ширкат карданд. Маврид ба ёдоварист, ки сафари ҳайати давлати Қатар бар пояи гуфтугӯҳое амалӣ мешавад, ки моҳи марти соли равон дар ҷараёни сафараш ба ин кишвар Раиси КҲФ ба масъулини идораҳои наҷот ва кумакҳои башарӣ анҷом дода буд.

Дар ҷараёни мулоқот сарвари Кумита ба ҷаноби Иброҳим Абдуллоҳ ал-Дуҳеймӣ ва ҳамроҳонаш дар бораи самтҳои фаъолият ва шеваҳои кори идора, сохторҳо, воҳидҳо, ҳамчунин дар бораи корҳои анҷомшуда барои пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодда дар кишвар ва бартарафсозии оқибатҳои он нақл кард. 

Баъдан ба ҳайати Қатар тарҳҳо оид ба масъалаҳои баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони КҲФ, зарфиятҳои техникӣ ва роҳандозии корҳои соҳилбандиву соҳилмутаҳкамкунӣ рӯнамоӣ шуд. 

Дар нимаи дуюми рӯз дар КҲФ мулоқоти намояндагони вазоратҳо ва идораҳои дахлдори кишвар бо ҳайати давлати Қатар баргузор гардид, ки дар он низ тарҳҳои муштарак рӯнамоӣ шуданд. 

27-28 июли соли равон намояндагони Қатар аз як қатор наҳияҳо ва иншоотҳои кишвар, ки бар асари ҳолатҳои фавқулодда зарар дидаанд, боздид ба амал меоранд. 

Сафаи ҳайати давлати Қатар ин зинаи муҳими рушди ҳамкориҳо дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоода ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт мебошад.