Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии ҳолатҳои фавқулодда

20 – уми июли соли равон дар Кумитаи иҷроияи ИДМ ҷаласаи XXXI-уми Шӯрои байналмилалӣ оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ баргузор шуд, ки дар он ҷонишини аввали Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Рустам Шоҳиён ширкат намуд.

Дар ин ҷаласа аъзои Шӯрои намояндагони давлатҳои ИДМ аз Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд. 

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои муҳим дар самти бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ баррасӣ шуд, ширкаткунандагон ҳамчунин лоиҳаи Низомнома дар бораи Котибот оид ба ҳолатҳои фавқулоддаро пазируфтанд ва ба қароре омаданд, ки ин тарҳ барои тасдиқ ба ҷаласаи оянда пешниҳод шавад. 

Дар ҷараёни баррасии иттилоъ дар мавриди фаъолияти Шӯро дар солҳои 2017-2018 ва чораҳо оид ба такмили ҳамкориҳо ширкаткунандагони ҷаласа пешниҳод карданд, ки феҳристи амволе, ки кишварҳои ИДМ барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва техногенӣ ҷудо мекунанд, мушаххас намоянд ва ба қароре омаданд, ки солҳои 2019 ва 2010 барои омода намудани  Нерӯҳои ширкаткунанда дар бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ду конфронс созмон диҳанд. 

Ҳамчунин дар ин нишаст ҷараёни татбиқи Нақшаи тафтишҳои назоратии огоҳсозии ҳамдигарии кишварҳои ИДМ оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ дар соли 2018 барарсӣ шуд ва тарҳи ҳамсон барои соли 2019 тасдиқ гардид.

Ғайр аз ин дар ҷараёни татбиқи Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда аз 16 октябри соли 2015 ва иҷрои бахши 2.8 Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи  зинаи сеюми он (солҳои (2016-2020) Стратегияи рушди иқтисодии кишварҳои ИДМ дар давраи то соли 2020 барарсӣ гардид.

Аъзои Шӯро ҷузъиёти ду мавзуъи басо муҳим дар фаъолияти ИДМ-ро мавриди суҳбат қарор доданд:

- дар самти илм ва технологияи пешрафта оид ба ҳимояи аҳолӣ ва қаламрав аз ҳолатҳои фавқулодда;

- оид ба омӯзиши мутахассисон дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда.

Дар ҷаласа Нақшаи чорабиниҳои асосии Шӯрои байналмилалӣ дар солҳои 2018-2019 бо назардошти иловаҳо ва мушаххаскуниҳо тасдиқ гардид.

Аъзои Шӯро ба пешниҳоди Вазорат оид ба мудофиаи гражданӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии Федератсияи Русия оид ба баргузории ҷаласаи XXXII-уми Шӯро дар қаламрави ин кишварро пазируфтанд.