Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Рейдҳо дар Суғд: Истироҳаткунандагон бояд қоидаҳои ҳузур дар махзанҳои обро вайрон накунанд

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд як силсила рейдҳо дар махзанҳои оби қаламрави вилоят гузарониданд.

Чунончӣ, кормандони Раёсати КҲФ дар бораи риояи қоидаҳои бехатарӣ бо шаҳрвандоне, ки дар соҳилҳои дарёи Сир ва обанбори “Баҳри тоҷик” истироҳат мекарданд, корҳои таблиғотӣ ба роҳ монданд. 

Ба шаҳрвандон дар бораи қоидаҳои умумии рафтор дар об маълумот дода шуд. Ба онҳо фаҳмониданд, ки сабабҳои асосии ғарқ шудани одамон дар об дар чист ва барои наҷоти ғарқшудагон чӣ бояд кард. 

Дар сӯҳбатҳо ба истироҳаткунандагон фаҳмониданд, ки як сабаби фоҷеа ба об ворид шудан дар ҳоли сархӯшӣ аз шароб аст ва ин ки одамон дар соҳили дарёҳо даст ба  мастӣ мезананд, худ зояндаи ҳар гуна хатар мебошад.

Кормандони Раёсати Кумита изҳор доштанд, ки вайронкунандагони қоидаҳои будубош дар махзанҳои об ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. 

Дар ҷараёни дидору мулоқотҳо ҳамчунин онҳоро аз вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми сӯхтор ва ифлос кардани муҳити атроф огоҳ намуданд.

Гуфта мешавад, ки ин гуна рейдҳо аз ин ба баъд ҳамеша то анҷоми мавсими оббозӣ гузаронида хоҳанд шуд. 

барчасп: