Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Тамринҳо дар ноҳияи Хуросон

Боронҳои шадиду хавфи сел. Ва ҳатто дар тобистон ҳам одамон аз ин хавфҳо эмин нестанд. Иқлими тағйирёбанда солҳост, ки сокинони Сайёраро дар ғафлат мегузорад. Тобистон ҳам метавонад дар гирдоби борони шадиду сели азим монад. Ва танҳо роҳи наҷот омодагии ҳамеша ва омӯзиши қодиҳои бехатарист. Ин аст, ки кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста миёни мардум бо ҷалби ҳама ниҳодҳои масъул ба наҷот тамринҳо мегузаронанд.

Дар асоси нақша чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2018, ки 13 марти соли 2018 аз ҷониби Сардори мудофиаи граждании мамлакат тасдиқ гардидааст, иҷрои Қарори Раиси вилояти Хатлон аз 24 ноябри соли 2017 №218 «Дар бораи Накшаи чорабиниҳои асосии вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2018 (иҷрои банди 2 зербанди 2.2-и нақша)» бо мақсади санҷидани сатҳи омодагии мақомоти идорӣ, баланд бардоштани малакаи касбии ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи граждании ноҳия, такмили малакаи мустақилона амал намудан дар ҳамагуна ҳолатҳои фавқулодда, аз 28 то 30 июни соли 2018 дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммали зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар мавзўи: «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании ноҳия ҳангоми боридани боронҳои пай дар пай, омадани сел ва зери хавф мондани ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия» гузаронида шуд.

Ба машқи мукаммал қувва ва воситаҳои хадамоти мудофиаи гражданӣ, зернизомҳои вазифавии сатҳи вилоятии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, ҳайати роҳбарикунандаи мудофиаи граждании ноҳияи Хуросон, бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавкулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Хуросон, комиссияҳои мудофиаи гражданӣ, зернизомҳои вазифавии сатҳи ноҳиявии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Хуросон ҷалб гардиданд.

Ҳамагӣ дар чорабинии мазкур зиёда аз 45 нафар ҳайати роҳбарикунанда, 240 нафар кормандону хизматчиён, 850 нафар аҳолӣ ва     55 адад нақлиётҳои гуногунтамға иштирок намуданд.

Дар охир иштирокчиёни фаъол бо ифтихорномаҳои Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Садори Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ва Раиси ноҳияи Хуросон мукофотонида шуда, рафти машқ аз тарафи шабакаи телевизионии «Хатлон» ба навор гирифта шуд.

барчасп: