Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Форуми минтақавии идораҳои ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои Осиёи Марказӣ

Дар шаҳри Олмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми сарварони идораҳои наҷоти кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кори худ оғоз кард, ки дар он ҳайати Тоҷикистон бо сарварии муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Ҷамшед Маҳмадзода ширкат дорад.

31 – уми марти соли 2017 дар шаҳри Душанбе мулоқоти минтақавии сарварони ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуда буд, ки дар ҷамъбасти он  Эъломияи Душанбе қабул гардид. Дар ҳамон мулоқот қарор шуда буд, ки ҷаласаи навбатии он дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шавад.  

27 – уми апрели соли 2018 дар шаҳри Олмаато Форуми минтақавии сарварони идораҳои ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз ба кор кард, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Ҷамшед Маҳмадзода ширкат дорад.  

Дар рафти ҷаласа қарор аст як силисла лоиҳаҳои  ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти коҳиши хатари офатҳо, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда  мавриди баррасӣ қарор гирад. Дар поёни нишаст ҳуҷҷати ҷамъбастӣ қабул мешавад.

Дар кори ҷаласа роҳбарони идораҳои наҷоти кишварҳои Осиёи Марказӣ ва як қатор созмонҳои байналмилалӣ низ ширкат доранд.