Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Баргузории ҷаласаи гурӯҳи коршиносони Платформаи миллӣ

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурӯҳи доимамалкунандаи таҳлилии Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор шуд.

Ҷаласа таҳти раисии сардори Раёсати Кумита, масъули котиботи Платформаи миллӣ полковник Ҷамшед Камолов гузашт. 

Дар рафти ҷаласа талаботи ҳисобот оид ба “Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳо дар солҳои  2015-2030” ва татбиқи он дар доираи Платформаи миллӣ барои соли 2018, ҳисоботи натиҷаҳои таҳқиқоти аэровизуалӣ ва масъалаҳои захираҳои барф дар ноҳияҳои баландкӯҳи Тоҷикистон шунида шуд.

Ҳамчунин, ширкаткунандагон лоиҳаи Нақшаи кори Платформаи миллӣ дар соли 2018-ро баррасӣ намуданд. 

Дар ин ҷаласа намояндагони вазоратҳо ва идораҳо, ҳамчунин Барномаи Рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

барчасп: