Таваҷҷуҳ: Вазъ дар роҳҳои куҳӣ ва ағбаҳо дар 27-уми ноябр

Бо вуҷуди таъкидҳо ва ҳушдорҳо ҳамоно ронандагон ва соҳибони мошинҳо қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои куҳиро риоя намекунанд, бе омодагӣ ба сафар мебароянд ва омили хатар ба ҷони худу атрофиён мешаванд.

23 ноябри соли 2017 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  истинодан ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон ба аҳолии кишвар дар мавриди ҳавои номусоиди рӯзҳои 26-27-уми ноябр хабар дода буд.

Дар хабари Кумита аз ҷумла гуфта мешуд, ки аз 26 то 27-уми ноябри соли 2017 дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид, аз ҷумла  борони гузаранда ба барфи тар дар баъзе ноҳияҳои куҳӣ, шиддати бод, ки дар як сония аз 13 то 18 метр мевазад, дар назар дошта шудааст. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар водиҳо  5 °С-ро ташкил хоҳад дод.

 Ҳамчунин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз аҳолӣ, бахусус соҳибони мошинҳо ва ронандагон хоҳиш карда буд дар чунин ҳолатҳо хеле эҳтиёткор бошанд, дар истифода аз роҳҳои мошингарди куҳӣ ва ағбаҳо ҳушёриро аз даст надиҳанд, чархҳои тобистонаи мошинҳои худро бо чархҳои зимистона иваз намоянд. Қоидаҳои ҳаракати роҳро ҷиддан риоя кунанд, суръати ҳаракат дар роҳҳои барфиву борониро боло набаранд.

Аммо мутаассифона, на ҳамаи ронандагону соҳибони мошинҳо гӯш ба ин тавсияҳо доданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар медиҳад, ки бо мақсади таъмини бехатарии шҳаҳрвандон дар минтақаҳои ҳассоси роҳҳои мошингарди километрҳои 62 ва 72 –и роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ бо фармони Раиси КҲФ дидбонгоҳҳои муҳаррик аз ҳисоби кормандони наҷоти Кумита гузошта шудааст, ки шабонарӯзӣ кор мекунанд. 

27 – уми ноябри соли 2017 роҳҳои мошингарди зерини куҳӣ бозанд:  Душанбе –Хуҷанд, Душанбе –Кӯлоб –Қалъаи-Хумб, Душанбе-Сангвор-Хоруғ-Мурғоб, Душанбе-Рашт-Лахш-Ҷумҳурии Қирғизистон.

Ҳамчунин ағбаҳои  Анзоб,  Шаршар, Чормағзак, Фахробод ва  Хобуработ низ кушодаанд.