Сообщение об ошибке

Deprecated function: The each() function is deprecated. This message will be suppressed on further calls в функции menu_set_active_trail() (строка 2405 в файле /var/www/vhosts/khf.tj/httpdocs/includes/menu.inc).

Бар асари суқути ҳавопаймои мулкӣ дар Хабаровск шаш нафар ба ҳалокат расиданд

Ба асари суқути ҳавопаймои мулкӣ дар ноҳияи Нелкани вилояти Хабаровски Русия шаш нафар ба ҳалокат расиданд. Бино ба хабари ТАСС ин ҳавопаймои сабуки  Let L-410 будааст, ки дар он ҳамагӣ ҳафт нафар парвоз мекарданд, шаш нафарашон ҳалок шуданд ва танҳо як кӯдак зинда мондааст, ки барои наҷоти вай чархболи беҳдоштӣ фиристода шудааст.

Дар аввал Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия ва пулиси ин кишвар аз ҳалокати 7 ва 8 нафар хабар дода буданд, вале баъдан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эълон карданд, ки рақамҳои қаблӣ иштибоҳ буданд.

Сарвари шаҳраки Нелкан  Наталя Петухова ба  «Интерфакс» гуфтааст, ки ҳамаи сарнишинони тайёра сокинони маҳаллӣ буданд. “Се зан, як мард, ду халабон. Ва аз ин садама танҳо як духтари чорсола наҷот ёфтааст, ки ӯ ҳам дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарист”.

Ин ҳавопаймо аз Хабаровск ба ҳаво хестааст ва ҳангоми фуруд омадан ба замин бархӯрадааст. 

Иллатҳои суқут то ҳол мушаххас нашудаанд ва хабаргузориҳо танҳо аз нақли шоҳидон ва хабарҳои ҳанӯз тахминӣ гузоришҳо омода кардаанд. Он чи яқин аст, тайёра ду маротиба ба хати нишаст худро рост кардаву натавонистааст биншинад.   

Манбаи  «РИА Новости» гуфтааст, ки ҳаво мусоид ва парвоз мувофиқ буд, барф намеборид ва бод ҳам бо суръати хеле паст – 3- метр дар як сония мевазид.

L-410 — тайёраи хурди тавлиди ҷумҳурии Чех буда, ҳамагӣ 19 ҷойи нишаст дорад ва яке аз ҳавопаймоҳои беҳтарин дар олам дониста мешавад.

барчасп: