Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба солгарди Иҷлосияи XVI дар Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд

Дар Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 25 солагии  Иҷлосияи XVI – уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ин ҷаласа намояндаи Ҳукумати вилояти Суғд Миртоҳир Набиев иштирок намуд. 

Номбурда бо табрики ҳайати шахсӣ дар мавзуъи “Иҷлосияи XVI-ум иҷлосияи тақдирсоз барои давлат ва мардуми Тоҷикистон” маърӯза кард. Вай гуфт, ки ин иҷлосия дар кишвар пойдевори сулҳро асос гузошт ва ояндаи бунёди як давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро барномарезӣ кард. 

Дар ин ҷаласа кормандони Ситод низ бо маърӯзаҳои гуногун баромад карданд.

Зимни суханрониҳои худ онҳо қайд карданд, ки ба шарофати ақлу заковат ва талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз сулҳу субот дар мамлакат пойдор аст. Ҳамдигарфаҳмии вакилон дар иҷлосияи XVI сабаб шуд, ки онҳо пешвои арзандаву бозаковатро интихоб карда тавонистанд. 

Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҳам ҷангро хотима бахшад ва ҳам иқтисоди кишварро рушд диҳад.

Дар поёни нишаст миёни кормандони Ситод ва Миртоҳир Набиев роҷеъ ба Иҷлосия ва дирӯзу имрӯзи кишвар табодули афкор сурат гирифт.