Гусели ҳамкорон ба нафақа

Дар Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе маросими ба нафақа гусел кардани сардори шӯъбаи Кумита дар ноҳияи Фирдавӣ пополковник Неъматулло Иноятов ва фармондеҳи дастаи вокуниши фаврии Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе подполковник Абибулло Девлохчиев баргузор шуд.

Дар як маросими тантанавӣ сардори Раёсати КҲФ полковник Шамсизода С. ширкат ва суханронӣ намуд.

Роҳбарони Раёсат ва ҳамкорон дар бораи хидматҳои шоистаи ин ду афсари собиқадор суханҳои нек гуфтанд.

Ҳар кадом дар маросими гусел аз ҳамкориҳо бо ин ду нафаре, ки солҳо барои наҷоти ҷони инсонҳо, иншоот, роҳҳо заҳмат кашиданд, дар мушкилтарин рӯзу лаҳзаҳо бо офатзадагону зарардидагон буданд, ҳикоят карданд. 

Дар фарҷоми ҷаласаи гусел ин ду собиқадори идораи наҷот ба ҳамкорон барои суханҳои саропо меҳр изҳори сипосу қадрдонӣ намуданд.